Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

қалби ӯ роҳ намеёфтанд ва тӯй барпо шуд. Тоҷро ба сари арӯс бояд худи вазири дарбор мегузошт. Вай ҳангоми маросим ҳалқаи танги тоҷро ба сари духтар чунон пахш кард, ки ҳар кас ҳам мебуд, дард мекашид. Лекин Элиза ба ин ҳатто аҳамияте надод: қалби ӯ аз ҳасрату пазмонии бародарони азизаш ранҷ медид, барояш дарди ҷисмонӣ нисбат ба дарди равонӣ ҳеҷ наметофт. Лабҳояш мисли пештара баставу хомӯш буданд, аз онҳо ягон сухан берун намеомад. Ӯ хуб медонист, ки зиндагии бародаронаш аз хомӯшии ӯ вобаста аст. Бо ин ҳама, дар чашмони ӯ эҳсоси ишқи самими ба подшоҳи меҳрубону зебо, ки барои хушнудии ӯ ҳама корро анҷом медод, шуъла мезад. Рӯз то рӯз муҳаббати ӯ ба подшоҳ зиёд мешуд. Оҳ! Кош Элиза метавонист ба вай бовар карда, азобу машаққати худро ифшо намояд, вале афсӯс, ки ин номумкин буд. Ӯ бояд то тамом шудани кор хомӯш мемонд. Шабҳо оҳиста аз рахти хоби шоҳона ба ҳуҷраи махфии худ, ки ба ғор хеле монанд буд, мерафт ва пайваста куртаҳои зиреҳдор мебофт. Вақте ки куртаи ҳафтумро ба итмом расонд, нахи газна тамом шуд.

Ӯ медонист, ки чунин газнаҳоро танҳо аз қабристон ёфтан мумкин аст, вале бояд бо дастони худ онҳоро мечид. Чӣ кор бояд кард?

«Дарди ҷисмонӣ дар баробари ғуссае, ки қалби маро азоб медиҳад, ҳеҷ аст! – андешид Элиза. – Ман бояд ба қароре оям!

пешина
аз 26
навбатӣ