Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Шаби маҳтобие ба гулбоғи шоҳӣ баромада, аз он ҷо тавассути гулгаштҳои тӯлонӣ ва кӯчаҳои беодам ба қабристон роҳ гирифт. Дилаш аз тарсу ҳарос фишор мехӯрд, гӯиё ба кори баде даст мезада бошад. Дар лавҳаҳои васеи қабрҳо ҷодугарзанҳои зиште нишаста буданд. Онҳо жӯлидамӯю бадбӯ буданд ва бо ангуштони лоғари худ қабрҳоро мешикофтанд. Элиза маҷбур буд, ки аз наздикии онҳо гузарад. Онҳо сӯйи Элиза бо чашмони бадхашмонаи худ ало нигоҳ мекарданд, аммо ӯ дуо хонда-дуо хонда, газна чид ва ба қаср баргашт.

Танҳо як нафар – вазири дарбор он шаб хоб нарафта ва Элизаро дида буд. Акнун вазир итминон ҳосил намуд, ки маликаи қаср, дар ҳақиқат, ҷодугар мебошад, барои ҳамин подшоҳ ва тамоми халқро ҷоду карда тавонистааст.

Ҳангоме ки подшоҳ ба назди вазир омад, ӯ ба подшоҳ воқеаи дидаи худро бо иловаи гумонҳои бадаш нақл кард. Суханҳои зишт аз забонаш паёпай мерехтанд. Аммо тасвирҳои кандакоришудаи дарбор сар меҷунбонданд, гӯиё мехостанд нидо диҳанд: «Дурӯғ! Элиза бегуноҳ аст!». Вале вазир сарҷунбониҳои тасвирҳоро ба нафъи худ истифода бурда гуфт, ки онҳо низ зидди Элиза гувоҳӣ дода, сарашонро ба аломати норизой меҷунбонанд. Ду қатраи калони ашк аз чашмони подшоҳ ба рухсораш чакид. Дар дилаш ноумедиву шакку шубҳа

пешина
аз 26
навбатӣ