Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ муаллифи китоби "Садои қарн", ки як сол баъд дар Кобул ба нашр мерасад, 321 таронаи Аҳмад Зоҳирро ба китобаш ворид сохта, муаллифи матни 129 сурудро муайян кардааст. Матни ин миқдор суруд моли 67 шоир будааст. Исфандиёр дар китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг...", ки соли 2008 чоп шудааст, матни 133 таронаи Аҳмад Зоҳирро овардааст, ки ба қалами 63 шоир тааллуқ доранд.

Соли 2012 дар замимаи китоби Султони Ҳамад "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб" аввалин бор 100 таронаи Аҳмад Зоҳир бо нишон додани ҳам номи шоир ва ҳам номи оҳангсоз ба табъ мерасад.

Баъди соли 2005 ҳам мо пажӯҳишҳоро дар ин самт идома додем ва як теъдод шоирони ношинохтаро пайдо кардем, ки қисмате аз матни таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ки то ҳоло муаллифонашон номаълум буданд, ба қалами онҳо тааллуқ доранд. Ва боз бо дарназардошти он шоироне, ки зикри номашон дар китобҳои оқои Сипосу Ҳоруни Хуросонӣ ва Исфандиёр рафтаасту мо қаблан дар бораи онҳо иттилоъ надоштем, рӯи ин масъала як таҳлиле гузаронидем, ки ҳанӯз ҳам номукаммал аст.

Баъди ҳисобу китоб бо усули оқои Сипос теъдоди сурудҳои Аҳмад Зоҳир аз сарҳади шашсад тарона убур кард.
Матни онҳо, бо иттилое, ки ҳамакнун дар даст дорем, ба қалами беш аз сад шоир тааллуқ доранд. Дар ҳоли ҳозир муаллифи 211 таронаи ӯ мушаххас шудааст, ки моли 99 шоир мебошанд. Номи боз ду шоири дигар ба иловаи ин 99 нафар аз сӯйи баъзе аҳмадзоҳиршиносон дар корҳоишон бидуни номбар кардани номи шеърҳояшон оварда мешаванд, ки Парвизи Вакилӣ ва Шайх Рӯзбеҳонии Шерозӣ

пешина
аз 338
навбатӣ