Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Аз ҷумлаи 100 шоире, ки аз ашъорашон Аҳмад Зоҳир ҳангоми сурудани таронаҳояш истифода кардааст, 44 нафарашон шоирони муосири эронӣ мебошанд. Яъне шоироне, ки дар охирҳои асри 19 таваллуд шудаву то солҳои 70-уми асри гузашта кору зиндагӣ кардаанд ва баъзеашон, хушбахтона, чун Симини Беҳбаҳонӣ, Лӯъбати Волои Шайбонӣ имрӯз ҳам дар қайди ҳаёт ҳастанд. Аз ҳама бештар аз шоирони Эрони муосир аз эҷодиёти Фурӯғи Фаррухзод 9 шеър, аз эҷодиёти Раҳии Муъаййирӣ 8 шеър (шеъри "На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳ"-ро бо ду оҳанг сурудааст), Симини Беҳбаҳони 8 шеър, Абулҳасани Варзӣ 4 шеър, Бежани Тараққӣ 4 шеър, Фаррухии Яздӣ 3 шеър, Имоди Бурқайӣ (Хуросонӣ) 3 шеър, Муҳаммад Ҳусайни Шаҳриёр 2 шеър, Пажмони Бахтиёрӣ 2 шеър, Ҳамидии Мусаддиқ 2 шеърро ҳамчун тарона хондааст. Аз ашъори дигар шоирони машҳур ва маъруфи Эрон, аз қабили Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор, доктор Ҳамидии Маҳдӣ, Фаридун Муширӣ, Ҳушанг Соя ва ғайра низ таронаҳо сурудааст.

Аз ҷумлаи ин 100 шоир 26 нафарашон шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик ба ҳисоб мераванд. Қадимтарини ин шоирон Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки беш аз 800 сол пеш кору фаъолият кардаасту ба мо наздиктаринаш шоир Баҳрини Дарвозӣ мебошад. Ӯ тақрибан 100-120 сол пеш зиндагӣ ва эҷод кардааст. Баҳрини Дарвозӣ ҳамзамони Амир Абдулаҳадхон (солҳои давлатдориаш 1885-1910) мебошад, ки бо тахаллуси "Оҷиз" шеър гуфтааст. Баҳрини Дарвозӣ бар ашъори "Оҷиз" мухаммасҳо эҷод кардааст. Дар баробари шоирони машҳури чун Ҳофизу

пешина
аз 338
навбатӣ