Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Саъдӣ, Амирхусрави Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодир Бедил, Мушфиқӣ, Соиби Табрезӣ, Аҳмад Зоҳир инчунин аз осори шоирони на чандон маъруфи адабиёти классикӣ мисли Ошиқи Исфаҳонӣ, Ваҳшии Бофқӣ, Шоҳ Шуҷои Бобурӣ ва дигарон шеърҳо интихоб намудаву бар асоси онҳо таронаҳои худро сохтааст. Миёни ин 100 шоире, ки намунаи ашъори онҳоро Аҳмад Зоҳир сурудааст, чи тавре ки гуфтем, бисту панҷ нафарашон шоирони муосири Афғонистон ҳастанд, чор нафарашон шоирони Тоҷикистони муосир ва як нафарашон шоири Покистони муосир. Шоири покистонӣ албатта ҳамон Аллома Иқболи Лоҳурӣ аст. Вале чор нафар шоири тоҷикистонӣ киҳоянд? Ду нафари онҳо-ку маълум аст. Устод Мирзо Турсунзода ва шодравон Абдулло Қодирӣ. Ду нафари дигар киҳоянд? Ҳаминро гуфтаниям, ки агарчӣ устод Абулқосими Лоҳутӣ эрониасласту дар Эрон таваллуд шудааст, чун дар Иттиҳоди Шӯравӣ қисмати бузурги ҳаёти хешро гузаронидааст ва дар ҳамин ҷо ба хок супурда шудааст, ӯро дар хориҷа, ба хусус, дар Афғонистон борҳо шунидаам, ки шоири тоҷик мегӯянд. Шоири дигари тоҷик, ки тибқи иттилооти мавҷуда, шеърашро Аҳмад Зоҳир ба оҳанг даровардааст, марҳум Султон Шоҳзода мебошад, ки тафсири ин хабарро ман дар китоби "Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо" (саҳ.134-135) овардаам.
Халилуллоҳи Халилӣ, Бориқ Шафей, Зиё Қоризода, Сулаймон Лоиқ, аз ҷумлаи он шоирони машҳури Афғонистон ҳастанд, ки тибқи баъзе хабарҳо Аҳмад Зоҳир аз осори онҳо порчаҳои зиёди назмиро интихоб намудаву сурудааст. Дар байни 25 шоири афғонистонӣ ҳастанд шоироне, ки онҳоро дар Тоҷикистон феълан шояд касе намешиносад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё