Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Абдулҳолиқ аккордионашро ба оғӯш мегирад. Он гӯё ҳолати соҳибашро барвақт фаҳмидааст, ки ба шӯру фиғон медарояд. Билохира садои ҳазину ғамангези худи Абдулҳолиқ низ баланд мешавад:

Бигзор бигирям ману бигзор бигирям,
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.
Дар мотами пажмурдани гулҳои умедам,
Бигзор, ки чун абре ба гулзор бигирям.
Ӯ рафт, умеди дили ман, дур шуд аз ман,
Бигзор, ки дар дурии дилдор бигирям...

ВОЙ БОРОН, БОРОН,
ВОЙ БОРОН, БОРОН

Абдуғаффори Шаҳзод рӯзноманигор аст ва мухлиси таронаҳои Аҳмад Зоҳир. Ӯ низ суруд мехонад дар ҳавои гитори мӯнису ҳамдами шабҳои танҳоияш. Ва албатта сурудҳои Аҳмад Зоҳирро.

Абдуғаффор ба ҷуз ин одати хуб боз як шуғли хеле ҳам муфиде дорад. Ӯ аз рӯзномаву маҷаллаҳо ва аз дигар васоити ахбори умум, аз нақли мусоҳибонаш хабару мақола ва ҳикояву қиссаҳоро, ки роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ин овозхони бемисл ҳастанд, ҷамъоварӣ мекунад. Барои мисол қиссаҳои дар шифохона мухлиси сурудҳои Аҳмад Зоҳир шудани устод Мирзо Турсунзода, бо Аҳмад Зоҳир дар Кобул мулоқот кардани Ҷӯрабек Муродовро аввал ӯ ба мо ҳикоя кард.

Ва инак боз ба як қиссаи Абдуғаффор дар бораи Аҳмад Зоҳир таваҷҷӯҳ мекунем:

"Аҳмад Зоҳир дар варзишгоҳи марказии шаҳри Теҳрон,

пешина
аз 338
навбатӣ