Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

пойтахти Эрон дар як ҷашни пуршукӯҳи миллӣ ширкат меварзид. Ҳини сурудхонии ӯ шоҳнами бороне аз болои варзишгоҳ мегузарад. Гӯё он лаҳза осмон ҳам ба нишонаи сипосу эҳтироми истеъдоди баланди Аҳмад Зоҳир пеши пои ӯ гавҳарфишонӣ кард. Аҳмад Зоҳир аз ин саҳовати ногаҳонии табиат илҳом гирифта, шукронаи он ба хондани суруди "Вой борон, борон, вой борон, борон", ки матнаш аз шоири маъруфи Эрон Ҳамидии Мусаддиқ мебошад, шурӯъ мекунад:

Вой борон, борон, вой борон, борон, вой борон, борон,
Шишаи панҷараро борон шуст,
Аз дили ман, аммо,
Чӣ касе нақши туро хоҳад шуст, чӣ касе?
Вой борон, борон, вой борон, борон, вой борон, борон.

Шӯру валвалае дар варзишгоҳ барпо мешавад. Ҳама аз ҷой бармехезанду дастафшонӣ мекунанд. Тасодуф буд ё лутфи Илоҳӣ, ки борону суруди "Вой борон" баробар поён ёфтанд.

Аз ин ҳунари волои Аҳмад Зоҳир шоҳи Эрон Ризошоҳи Паҳлавӣ, ки он замон дар варзишгоҳ, дар таҷлили он ҷашн ҳузур доштааст, ба ваҷд меояду мегӯяд: "Ин алмоси Машриқзамин аст!". Ва амр мекунад, ки рамзи подоши санъати асил ба Аҳмад Зоҳир калиди яке аз мошинҳои хизматиашро, ки сохти ширкати "Мерседес"-и Олмон буда бо он ба ин ҷашнвора омадааст, тақдим намоянд.

"Ин қиссаро ман аз забони онҳое шунидам, ки дар он солҳо дар Эрон, ба ҳайси тарҷумон хизмат мекарданд", - мегӯяд Абдуғаффори Шаҳзод.

пешина
аз 338
навбатӣ