Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Алиризо баробари шунидани ин гуфтаҳои Акбаралӣ ҳайратзада нашуд. Баръакс эҳсос намуд, ки муждаеро шунидааст. Ҳамсояаш гапи ростро мегуфт. Ба ёд овард, ки худи ӯро низ чизе ба ҳамин гармхона моил мекард, вале наметавонист дарк кунад, ки он чӣ ҳаст? Вале акнун фаҳмид, ки он овози дилангези Аҳмад Зоҳир будааст. Таҳти ин садои сеҳрнок ӯ дар ин гармхона нисбатан зиёдтар меҳнат мекард ва ҳамзамон хастагиро эҳсос наменамуд. Мана ҳоло ҳам садои Аҳмад Зоҳир танинандоз аст:
Биёед, биёед, ки гулзор расидаст,
Биёед, биёед, ки дилдор расидаст.
Дар ҳақиқат, шояд сабаби асосӣ ҳам дар ҳамин аст, ки гулҳои ин гармхона дар тафовут аз гармхонаи поён зери ҳавои мусиқӣ нашъунамо меёбанд.
Он рӯз Алиризо аз дӯкони кассетафурӯшӣ якчанд кассетаи Аҳмад Зоҳирро мехарад ва бар фазои гармхонаи поён низ аз ин ба баъд таронаҳои дилангези Аҳмад Зоҳир танинандоз мешаванд.
Чанд муддат пас натиҷаи мусбати ин таҷрибаашро дар амал мебинад. Дар ҳақиқат, гулҳои гармхонаи поён низ дигар дар нашъунамо аз гулҳои гармхонаи боло қафо намемонданд. Кори Алиризо минбаъд боз ҳам бештар равнақ гирифт. Дар бозор харидорон кӯшиш мекарданд, ки асосан гулҳои Алиризоро бихаранд, зеро дар зоҳир ва хушбӯиву тароват гулҳои ӯ аз гулҳои дигар гулфурӯшон фарқ мекарданд. Вақте ки аз ӯ сабаб мепурсиданд, мегуфтааст ба гӯши гулҳои ман худи Аҳмад Зоҳир тарона хондааст. Таронаҳои хушеву зебое ва ин чор мисраъро месурадааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё