Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ҲАВОИ ИШҚИ ТУ АЗ САР БАДАР
НАХОҲАД РАФТ
Дараи зебоманзари Ромит. Соҳили рӯди Кофарниҳон. Дар деҳаи Амоншайҳӣ Ғаниҷон Мӯминов ном шахсе зиндагӣ мекунад, ки мисли аксари дигар ҳамдеҳагони худ дар пойтахти кишвар - шаҳри зебои Душанбе, ки аз маҳалли зисти онҳо чандон дур нест, кор мекунад. Ӯ корманди Кумитаи Марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вале сокинони деҳа ва аксари дӯстонаш ӯро на ҳамчун корманди ин идора, балки ба ҳайси як мухлис, алоқаманди хеле ашадии садои гирои овозхони нотакрори Машриқзамин, шодравон Аҳмад Зоҳир мешиносанд. Ӯ дар баробари он ки зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир ва эҷодиёти ӯро хеле хуб медонад боз бо дигар ҳаводорони таронаҳои ин хунёгари бузурги ҷаҳони асри 20, ки дар дохил ва ҳатто хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, алоқаи наздик барқарор карда, дар ҳамдастӣ бо онҳо дар созмон додану гузаронидани рӯзҳои мавлуд ва маҳфилҳои шеъру суруди Аҳмад Зоҳир саҳми хуб мегузорад. Чунончи маҳфиле, ки соли 2010 ба муносибати солрӯзи таваллуд ва вафоти Аҳмад Зоҳир дар Душанбе баргузор гардид ва дар он овозхонҳои машҳури кишвар Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Назрӣ, Қурбоналӣ Раҳмонов, Қурбоналӣ Абдуллоев, Сӯҳроби Маҳмуд ва дигарон ширкат доштанд, маҳз бо ибтикор ва талошҳои ӯ сурат гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё