Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Ногуфта намонад, ки бародари Ғаниҷон Сайдҷон, ки Донишкадаи ҳунарҳои зебои пойтахтро ҳанӯз дар даврони шӯравӣ хатм кардааст, яке аз тарғибгарони суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳири ҷовидон дар Тоҷикистон мебошад. "Вақте ки Сайдҷон дар Донишкада сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонд, мо бо як завқи беандоза баланд ӯро гӯш мекардем. Зеро ӯ ин сурудҳоро бо тамоми нозукиҳояш мехонд", - ба ёд меорад собиқ шарикдарсаш, муаллими фанни мусиқӣ Асадуллоҳ Шамсов, ки худ низ овозхони пайрави мактаби Аҳмад Зоҳир мебошад.
Завҷаи Ғаниҷон Райҳон Шарифова, корманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин кори хайри шавҳараш ҳамеша ӯро дастгиру мададгор аст.
Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳи соли 2010 Ғаниҷон гурӯҳе аз дӯстонаш - ҳаводорони созу таронаҳои Аҳмад Зоҳирро ба хонааш, ба деҳаи Амоншайҳӣ ба меҳмонӣ даъват кард. Дӯстон баъди тамошои манзараҳои фараҳафзо ва дилангези соҳили рӯдхонаи Кофарниҳон ба ҳуҷрае даъват шуданд, ки баробари ворид гардидан ба он ҳамаро эҳсосу ҳаяҷони носутуданӣ фаро гирифт. Дар як хонае, ки ҳаҷмаш се бар панҷ метр аст, аксу мусаввара ва дигар ашёе, ки ҳама бо ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳир дар иртибот мебошанд, ба манзари тамошо гузошта шудаанд. Бархе аз ҳозирин ин ҳуҷраро осорхона номиду иддаи дигар галереяи аксҳои Аҳмад Зоҳир ҳисобид. Вале худи Ғаниҷон мегӯяд, ки ин оғози кор аст. Ӯ агарчи то ин лаҳза корҳоеро анҷом дода бошад ҳам, аммо ният дорад, ки дар оянда, дар ҳақиқат ҳам, корҳои бештареро анҷом бидиҳаду онро дар чорчӯбаи қонунҳои мавҷудаи кишвар ба як осорхонаи хусусӣ мубаддал бисозад. Феълан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё