Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

суруд бо иштироки Аҳмад Зоҳир боз ҳам дар хонаи устод Шаҳбоз Кабиров сурат гирифт. Дар ин маҳфил шоира Меҳриннисо шеъри барои Аҳмад Зоҳир навиштаи худро қироат кард, ки чор мисраи онро дар ёд дорам:

Садои ту садои резиши борон,
Садои ту ғиреви обшорон аст.
Садои ту сафои чашмаи кӯҳӣ,
Ки дармони дили шӯридаҳолон аст.

Дар сӯҳбат бо мо шоираи ширинсухан Меҳриннисо ин лаҳзаро ба ёд оварда гуфт, ки мутаассифона, матни пурраи ҳамон шеърро феълан дар даст надорад. Онро ҳамон вақт дар китоби дар боло зикршудаи "Мушоира"
навишта китобро ба худи Аҳмад Зоҳир тӯҳфа кардааст.
Баъдан шоира бо хоҳиши мо ин шеърро аз сари нав такмил мекунад ва онро ба пуррагӣ дар замимаи нашри дуввуми ҳамин китоб овардаем. Ёдовар мешавем, ки китоби "Мушоира" маҷмӯаи ашъори шуарои форсизабони Осиё буд, солҳои 70 - уми асри гузашта бо хуруфи арабӣ дар Маскав ба нашр расида буд. Аҳмад Зоҳир ба ғайр аз шеъри устод Мирзо Турсунзода "Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист" боз 4 ё 5 шеъри дигар шоирони муосири Эрону Афғонистонро аз ҳамин китоб гирифта ба оҳанг даровардааст.

Ба маврид аст бигӯем, ки аз шуарои насли навини тоҷик Меҳриннисо аз ҳама бештар бо Афғонистони имрӯза пайванду алоқаманд будааст. Ҳашт соли зиндагӣ дар Кобули замони ҳукумати баъди Муҳаммад Довуд нақши муассире дар ҳаёт ва осори ин шоираи ширинсухан гузоштааст.

пешина
аз 338
навбатӣ