Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
V. АДИБОНИ ТОҶИК ДАР СИТОИШИ АҲМАД ЗОҲИР
САДОИ ТУ САФОИ ЧАШМАИ КӮҲӢ
Аҳмад Зоҳир баъди Борбади Марвазӣ дар таърихи мусиқии мардуми форснажод шояд нахустин ва ягона овозхоне бошад, ки аз ҳама бештар мавриди ситоишу тараннуми шоирому адибони замони худ қарор гирифтааст.
Оиди шеърҳои дар бораи Аҳмад Зоҳир гуфтаи шоирони Афғонистону Эрон дар ҳоли ҳозир чизе гуфта наметавонем. Зеро маводи мушаххасе дар ин бора дар даст надорем. Вале шоирони тоҷике, ки асосан баъди солҳои 70 - уми асри гузашта қалам ба даст гирифтаанд, аксаран бо хоҳишу амри дили худ Аҳмад Зоҳирро дар шеърҳои худ тараннум кардаанд. Мо дар ин боби рисолай худ аз баъзеи онҳо ва шеъри дар васфи Аҳмад Зоҳир гуфтаи онҳо ёдовар мешавем. Зеро мӯътақидем, ки ба ин мавзӯи домандор дар оянда муҳаққиқин хоҳанд баргашт ва корҳоеро низ хоҳанд анҷом дод.
Мувофиқи иттилооти мавҷуда аз шоирони тоҷик аввалин шеърро дар бораи Аҳмад Зоҳир шоираи ширинкалом Меҳриннисо гуфтааст. Ва шояд ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки ин шеъри навиштаи худро дар ҳузури Аҳмад Зоҳир ба худи ӯ хондааст. Дар ин бора ба нақли устод Ҷӯрабек Назриев гӯш медиҳем: "Дуввумин маҳфили базми шеъру

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё