Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

Фарзона ин матлабашро ба ин тарз баён кардааст:
Чашмаи оби зиндагонӣ аст,
Нағмаҳои равону шевояш.
Балки бедор мекунад моро,
Дар муҳити ғунуда овояш.

Ҷои зикр аст бигӯем, ки ин шеъри зеборо ҳунарманди маҳбуб Қурбоналӣ Абдуллоев ба оҳанги дилпазире дароварда онро аввалин бор дар концерти ба ифтихори 65-солагии рӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳир дар толори Филармонияи давлатӣ рӯзи 7-уми июни соли 2011 бармегардида хеле ҷолиб сароид. Шоир Қуввати Давлат бошад дар шеъри "Туғёни суруди Аҳмади Зоҳир" таронаҳои ин хунёгари бемислро ҳодии роҳи адлу инсоф донистааст:

Бар нолаи қавме биҷаҳад қудрати тундар,
Ояд чу суруде зи раҳи наъраву фарёд.
Бо зеру бамаш хашми халоиқ бихурӯшад,
Ҳампо бикунад пири ҷавонро ба раҳи дод.

Шоири шодравон Амонбеки Шоҳзода низ дар шеъри "Баҳри тарона зист" таъкид мекунад, ки ӯ бо замона зистааст:
Ӯ бо замона зист,
Ба чангу бо чағонаю розу фасона зист,
Аз баҳри хеш не,
Баҳри тарона зист.
Хуршеди дилпазир,
Саҳрои барфгир,
Як шоҳиди таронаи ормони ӯ буданд,
Бо ин бузургӣ порае аз ҷони ӯ буданд.

пешина
аз 338
навбатӣ