Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Шоир Муҳтарами Ҳотам дар шеъри "Булбули шӯрангез" суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳирро зудояндаи занги хотирҳо, рабояндаи сактаи дилҳо, намояндаи роҳи мумкинҳо ва кушояндаи банди мушкилҳо номидааст:
Зудой занги хотирҳо, рабой сактаи дилҳо,
Намой роҳи мумкинҳо, кушоӣ банди мушкилҳо.
Шоири шодравон Нафасбеки Раҳмонӣ, ки худ низ дар натиҷаи фитнаву дасисаҳои ноҷавонмардона ҷавонмарг шудааст, яке аз аввалинҳо шуда бар марги нобаҳангоми ин овозхони беҳамто бо шеър вокуниш нишон додааст. Воқеан, чи навъе, ки аз худи шеъри "Барқ" маълум аст, Нафасбек онро дар рӯзи дуввуми баъди марги Аҳмад Зоҳир эҷод кардааст:
Дишаб аз осмони шишанамо,
Ҳамчу тире ситорае афтод.
Гӯй бо нолаҳои синагудоз,
Тифл аз гаҳворае афтод.
Абрҳои сиёҳ ба рӯй кашид,
Осмон то канори беохир.
Шуд фурӯзанда барқи кӯтоҳе,
Ҳамчунон умри Аҳмади Зоҳир.
Шоираи дигари ширинкаломи мо Шаҳрияи Аҳтамзод бошад, дар шеъри "Ромишгар" орзу кардааст, ки ҳатто баъди маргаш садои Аҳмади Зоҳир болои марқадаш танинандоз бошад:
Рӯзе равам ба намнами борону сар ниҳам,
Бар хоки сард, то роҳам аз ранҷи хештан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё