Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

Хоҳам, вале садои ту, кошо, чу ояте,
Афшон шавад чу бодҳо рӯи мазори ман.

Шоири таронасаро Олимхони Исматӣ низ ғазалу дубайтиҳое барои Аҳмад Зоҳир гуфтааст, ки имрӯз бахше аз онҳоро овозхонҳои тоҷик ба оҳанг даровардаанд:

Чӣ сӯзе буда андар сози Аҳмад,
Ки дилро мекунад ҳамрози Аҳмад.
Фурӯ басту шикаст овозам, эй дил,
Ба гӯшам чун расид овози Аҳмад.
Хаёлам аз навоҳояш парешон аст,
Дилам аз нағмаҳояш реш-реш аст.
Гаҳе болида мехонад, ки нӯш аст,
Гаҳе нолида мехонад, ки неш аст.

Шоираи хушсухан Рафоати Саидзода дар назираи ба ғазали шоири маъруфи афғон Зиё Қоризода "Мушки суда мерезад шаб ба домани Кобул" гуфтаи худ ҳолати хузнангези Кобулро ба риштаи тасвир кашида, аз Аҳмад Зоҳир ёд мекунад:

Охир ин чӣ ғавғое дар пиромани Кобул,
Бишнавам ба гӯши дил оҳу шевани Кобул.
Пажмурда чашмаҳояш, садбаргу суманҳояш,
Хира гашта хуршеди партавафгани Кобул.
Ҳар лаҳза кашам фарёд, сад дод, Худоё дод,
Ку Зоҳири зебои ғулгулафгани Кобул.

Барои шоир Муҳаммадюсуфи Давронзод Аҳмад Зоҳир баъди Борбад ву Борбад аст:

пешина
аз 338
навбатӣ