Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

РАФОАТ САИДЗОДА

КУ ЗОҲИР?

Мушки суда мерезад шаб ба домани Кобул,
Сабзаву суман резад кӯю барзани Кобул.
(Зиё Қоризода)

Охир ин чӣ ғавгое дар пиромани Кобул?
Бишнавам бар гӯши дил оху шевани Кобул.
Пажмурда чаманҳояш, садбаргу суманҳояш,
Хира гашта хуршеди партавафгани Кобул.
Аҳли ҳунараш нолон, бемеҳану саргардон,
Ҳайфи андалебони сӯхтахирмани Кобул.
Ҳар лаҳза кашам фарёд, сад дод, Худоё, дод
Ку Зоҳири зебои ғулгулафгани Кобул.
Ҳар хонаю як мотам, ҳар ҷое ғубори ғам
Ашки ғусса мерезад ҳар марду зани Кобул.
Ҳифзи меҳанат бархез, бар душмани худ овез
Тира то ба кай бошад рӯзи рӯшани Кобул?

пешина
аз 338
навбатӣ