Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
РАҶАБАЛИИ ХУДОЁРЗОДА (ДИЛҶӮЙ)
Барои Аҳмад Зоҳир
Ба гӯши ҷони ман ояд навои дилрабои ту,
Гули шавқи таманноям шукуфт андар ҳавои ту.
Натанҳо дил бишуд шайдои ҳусни Довудовозат,
Саропои вуҷудам волаву масти садои ту.
Шудам пазмони оҳангу суруди дилкашу нобат,
Ба ҳар ранге сарои, ошиқам бар ҳар навои ту.
Вуҷуд аз истимои лаҳни зебои ту шуд ором,
Дили мадхушу шайдогаштаам бодо фидои ту.
Набошад баҳри ман хуштар зи савти ту дигар лаҳне,
Биё, эй андалибово, ки боғи дил сарои ту.
Мани Дилҷӯй доим масти овози ту мебошам,
Гаҳе хандам, гаҳе гирям барои оҳу войи ту.
Аз барои зиндагонӣ шокирӣ хоҳам намуд,
Андалебиро ба лафзи модарӣ хоҳам намуд.
Гар шавам муштоқи савту созу овози хуше,
Гӯш бар оҳанги Аҳмад Зоҳирӣ хоҳам намуд...
...Кабоби синаамро ҷуз намак аз сози Аҳмад нест, Ҳама созу наворо сарфи ин овоз хоҳам кард...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо