Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Зоҳир ба ма ба ҳайси як шавҳар не, бари ма бисёр як рафиқи хубе буд. Се солера, ки ма қати Аҳмад Зоҳир тер кадум, беҳтарин вақти зиндагии ма буд. Бари ма ёд дод, ки зиндагӣ чист!".
Фаҳрия дар ҳамин сӯҳбати худ иқрор кардааст, ки эҳсосоти ӯ низ олудаи рашк будааст. Вале насиҳатҳои худи Аҳмад Зоҳир, падари ӯ, доктор Абдузоҳир ба ӯ таъсири мусбате гузоштаанд: "Вақте ки Аҳмад Зоҳир гирифтум, як чиз худи Аҳмад Зоҳир барои ма гуфт ва худим пеши худ тасмим гирифтум. Ва падараш дар и раҳ кати ма бисёр кӯмак кард, ки Аҳмад Зоҳир бари берун вақте, ки сари стеч (саҳна) мебошад, ӯ аз мардум аст, ӯ унҷа аз хотири ҳунари худ, аз хотири маҳбубияти худ бояд дили мардума ба дасти худ бигирад. Магар вақте, ки дар хона буд, Аҳмад Зоҳир аз фомили худ буд, аз ма буд".
Аҳмад Зоҳир бо Фаҳрия зиндагии осудаҳолонае дошт. Фаҳрия Аҳмад Зоҳирро хуб дарк карда буд ва мекуӯшид то монеае дар шоҳроҳи эҷодаш набошад. Фаҳрия борҳо эътироф кардааст, ки лашкари рашк атрофи сипоҳи ғурури ӯро низ на як бору ду бор печонда будааст, вале қалъаи сабри ӯ ҳамеша фатҳнашаванда мондааст. Кореро, ки рашк натавонист бикунад, яъне Аҳмад Зоҳирашро аз ӯ ҷудо созад, мутаассифона, марги бераҳм кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё