Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

МАРГИ МАН РӮЗЕ
ФАРО ХОҲАД РАСИД

Фахрия аз суханони даҳшатноки он марди ношинос, ки худро ҳатто муаррифӣ кардан нахост, хеле ҳам ба ҳавотир афтод. Охир чӣ гуна ба хавотир наафтад? Он шахси номаълум ӯро ба берун хонда аз ӯ хоҳиш кард, ки "шавҳарашро эҳтиёт кунад ва нагузорад, ки дар ин рӯзҳои наздик аз шаҳр берун равад. Зеро дар доираҳои хеле боло нақшаи аз байн бурдани ӯро кашидаанд ва он нақшаи шум шояд дар рӯзҳои наздик амалӣ шавад. Ин амал бо кӯмаки дӯсти наздикаш ва боз ду нафар зан сурат мегирад, ки онҳоро Аҳмад Зоҳир худаш хуб мешиносад". Бо шунидани ин хушдор Фахрия хост фарёд занаду аз гиребони он мард бигирад ва бипурсад, ки ӯ кист, ки чунин хабари шумро мегӯяд. Мард магар ҳолати рӯҳии Фахрияро эҳсос кард, ки ба зудӣ худро ба миёни анбӯҳи одамони кӯча зад ва ҳамчун санге, ки ба дарё меафтад, аз назарҳо нопадид шуд.

Бегоҳӣ ин ҳама ҳодисаро Фахрия ба Аҳмад Зоҳир ҳикоя кард ва аз ӯ илтимос намуд, ки то равшан шудани чашмаш ба ҳеҷ куҷое наравад ва ҳамеша дар паҳлӯяш бошад. Дар хона будани шавҳарашро Фахрия барои худ дар ин рӯзҳое, ки таваллуди фарзандро интизор буд, як қуввату дармони иловагӣ медонист. Аҳмад Зоҳир суханони завҷаашро имрӯз аз чӣ сабаб бошад, ки мисли ҳардафъаина ҳосили дарахти рашк надонист. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки дар садову оҳанги гуфтори занаш тарсу воҳимаи ӯро амиқ дарк кард.

пешина
аз 338
навбатӣ