Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Дар бораи сӯиқасд ба ҷонаш дӯстон ва наздиконаш Аҳмад Зоҳирро низ огоҳ карда буданд. Вале ӯ намефаҳмид, ки барои кадом гуноҳ ӯро мехоҳанд ба қатл бирасонанд. Ӯ ҳеҷ ба ёд оварда наметавонист, ки ба касе чӣ бадӣ карда бошад. Ба ҳар ҳол он рӯз ӯ аз Фахрия талаб кард, ки дигар дари хонаро ба рӯи Маҳбубуллоҳ, хусурбачаи Осиф, яъне бародари Аҳмад Зоҳир, накушояд. Маҳбубуллоҳ аз ҷумлаи он касоне буд, ки Аҳмад Зоҳирро дар консертҳову шабнишиниҳояш қариб ҳамеша ҳамроҳӣ мекард ва метавон гуфт, ки аз розу ниёзи ҳунарманд ӯ хуб огоҳӣ дошт. Аҳмад Зоҳир низ Маҳбубуллоҳро ҳамчун шахси қарини хеш пазируфта буд. Бо ӯ ҳазлу шухӣ мекард. Ба маврид аст бигӯям, ки Аҳмад Зоҳир ҳамчун як шахси зиндадил, шӯхтабъ боз як хусусияти ба худ хосе низ дошт. Ӯ соҳиби қобилият ва истеъдоди худододи тақлидкорӣ низ буд. Тибқи нақли апааш Зоҳира ӯ дар хона ва ҳалқаи дӯстон ҳамеша ҳазлу шӯхӣ ва ҳозирҷавобӣ мекард. Хандондан ва хушҳол кардани ҳамсӯҳбатонро бисёр дӯст медошт. Ин корҳоро ӯ асосан тавассутии тақлидкорӣ амалӣ мекард, яъне ӯ маъмулан тарзи сухангӯӣ, овозхонии нафареро аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва ҳунарӣ тақлид мекард. Феълан наворҳое мавҷуданд, ки дар онҳо Аҳмад Зоҳир ба тарзи гапзании собиқ Садри Аъзами Афғонистон Муҳаммад Довуд ва таронахонии оҳангсозону овозхонҳои маъруф устод Найнавоз, Абдураҳим Сорбон тақлид намудааст ва ин тақлидкориҳо хеле зарифонаанд. Ана ҳамин Маҳбубуллоҳро низ ӯ борҳо мавриди ҳазлу шӯҳиҳои худ қарор медод. Боре ҳатто ӯро бо тамасхур "устоди" худ хондааст. Наход барои як шӯхӣ... Э не-е е, ин ҷо чӣ гапи дигаре ҳаст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё