Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

нест дар ин гирякарданҳо. Миллионҳо ҳаводорони мусиқии асил барои Аҳмад Зоҳир то дер гиря хоҳанд кард...

ГӮРИ МАН ГУМНОМ
МЕМОНАД БА РОҲ

Аҳмад Зоҳир вақте «Баъдҳо» («Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид») ном шеъри шоираи тавонои эронӣ шодравон Фурӯғи Фаррухзодро барои ба оҳанг даровардан ва сурудан омода месохт, ҳаддиақал се пешбинии паёмбарона карда буд.

Якум, ӯ пешбинӣ карда буд, ки марги ӯ «дар баҳоре равшан аз амвоҷи нур» фаро мерасад. Бубинед, Фурӯғ чӣ мегӯяд:
Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Дар баҳоре равшан аз амвоҷи нур.
Дар зимистони ғуборолуду дур,
Ё хазоне холӣ аз фарёду шӯр.

Вале Аҳмад Зоҳир аз ин банди шеър танҳо ду мисраи аввалро ба суруди худ ворид мекунад ва бо ин гуфтанӣ мешавад, ки аниқ медонад, ки марги ӯ дар баҳоре мерасад, на дар зимистон ва ё на дар хазон.

Дувум, ӯ пешгӯӣ кардааст, ки баъди маргаш ошиқони савту сурудаш шояд нимашабҳо сари қабраш биёянду «гул ба рӯи гӯри ғамнокаш» ниҳанд.
Хок мехонад маро ҳардам ба хеш,
Мерасанд аз раҳ, ки дар хокам ниҳанд.
Оҳ, шояд ошиқонам нимашаб,
Гул ба рӯи гӯри ғамнокам ниҳанд.

пешина
аз 338
навбатӣ