Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Мегӯянд, ки баъди марги Аҳмад Зоҳир моҳҳо шабҳо сари қабраш аз одам холӣ набудааст. Намедонам то кадом дараҷа ин рост аст, вале 23 сол баъд аз марги ин хунёгари бемисл мо як гурӯҳи мухлисони садояш шомгоҳе ба зиёрати оромгоҳаш рафтем ва дар он ҷо ҳақиқатан ҳам ошиқони таронаҳояшро бо чашми худ дидем.

Пешгӯии саввуми Аҳмад Зоҳир ин буд, ки баъдҳо номи ӯ аз рухсори санги мазораш «шуста» мешавад: Аҳмад Зоҳир дар сурудаш мегӯяд:

Баъдҳо номи маро борону бод,
Нарм мешӯянд аз рухсори санг.
Гӯри ман гумном мемонад ба роҳ,
Фориғ аз афсонаҳои ному нанг.

«Дар ҳақиқат, имрӯз на танҳо мақбараи Аҳмад Зоҳирро толибон ба куллӣ хароб кардаанд, балки санги мармари сари қабри ӯро, ки дар он номи овозхон, санаи таваллуду маргаш ва порчаҳои шеърие дар бораи ӯ ҳакқокӣ шуда буданд, канда бурдаанд». Ин сатрҳоро ман тобистони соли 2002 баъди зиёрати мазори ин овозхони беназир мукарраран дар чандин рӯзнома ва сайтҳои интернетӣ навишта будам.

Таъсири даврони ҳукумати Толибон ба рӯҳияи мардум, махсусан ба зиёиёни афғон, чунон сахт будааст, ки ҳатто баъди раҳоии аз ин режим чанд муддат онҳо ҷуръат намекарданд, ки ба тармими мақбараи ин хунёгари бузург шурӯъ намоянд. Албатта сабабҳои дигар низ буданд. Вале хушбахтона, ин ҳолат дер давом накард. Як гурӯҳи рӯзноманигорони

пешина
аз 338
навбатӣ