Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

сазовори сухани олӣ ҳастанд. Дар ҳақиқат шеърофарин ҳастанд, ки шеър офариданд. Бо дидани онҳо аз дили шоир шеър ҷӯшида мебарояд.
Ба ҳар ҳол ман фақат ҳаминро мегӯям, ки Раҳимӣ ҷуръат карда бо устод Лоҳутӣ баҳс кушод.
Бо устод Лоҳутӣ баҳси адабӣ кардани Раҳимӣ ҷои тааҷҷуб дорад, ки ҷуръату ҷасорати ӯро нишон медиҳад. Дар бораи шеър ва чигунагии он баъзе ақидаҳои ба худ хосро дошт. Ба ҳар ҳол он шеъри Раҳимӣ шеъри муҳим аст.
Дар маҷлисҳои Иттифоқи нависандагон
Раҳимӣ бисёр танқид мешунид. Дар ин маҷлисҳо аз
рӯи қоида нависандагоне чун Суҳайлӣ, Икромӣ
бештар танқид мешуниданд, ҳамеша чӯби танқид
ба сари эшон мешикаст. Ба Раҳимӣ эрод
мегирифтанд, ки куҳнапараст аст, калимаҳои
архаистиро бисёр кор мефармояд. Ба шаклҳои
куҳнаи анъанаӣ бисёртар шавқ дорад. На танҳо дар
ҳаққи Раҳимӣ, балки умуман дар танқиди он
маҷлисҳо эродҳои ночиз, айбҷӯии сиёсӣ бештар ба
назар мерасид. Аввалҳо тоқат меовард ба ин
танқидҳо. Аммо кам-кам ба он эътироз кардан хост
ва эътирози ӯ ба тарзҳои аҷибе пеш аз баён шудани
танқид зоҳир мешуд. Боре Сотим Улуғзода дар
бораи адабиёти он рӯзҳо сухан меронд ва якбора ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё