Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шеър гузашт, аз камбудҳои шеър сухан оғоз кард ва гуфт:

-Мисол Раҳимӣ ва фалон шеъри нави ӯ.

Раҳимӣ, ки он ҷо ҳозир буд зуд аз ҷо хест ва даст пеш гирифта, андак таъзим карда ба сӯи Улуғзода гуфт:

-Ҳо, тақсир, моро барои танқид офаридаанд.

Мардум хандид. Улуғзода чун хандаи мардум бас шуд, суханро давом доданд. Бо ҳамин кор Раҳимӣ гӯё аҳаммияти танқиди Улуғзода, арзиши онро фаровард. Дафъаи дигар Абдусалом Деҳотӣ дар бораи шеъри рӯз сухан меронд ва низ Раҳимиро ном гирифт. Ҳамин, ки Раҳимиро ном гирифт, Раҳимӣ аз ҷо бархост ва боз таъзимкунон ба сӯи Деҳотӣ гуфт:

-Ту ҳам ёде бикун аз ман.

Мардум хандиданд. “Ту ҳам ёде бикун аз ман” як мисраи шеъри Деҳотист, ки дар бораи додараш, ки дар майдони ҷанги фашистӣ ба ҳалокат расида буд, навишта буд. Онро дар радио месуруданд ва мо мешунавидем. Ба ёд овардани ин мисраи Деҳотӣ аз тарафи Раҳимӣ якбора ба Деҳотӣ сахт таъсир кард, суханронияшро давом надод, ба охир расонд ва ҳоказо.

пешина
аз 117
навбатӣ