Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

бояд дид, ки шояд ин гиёҳро, ки “олими рус кашф кард” мегӯем, шояд Ибни Сино кайҳо ҳамаҷониба тавсиф карда, хусусиятҳояшро муайян карда, дар китобҳои худаш навишта бошад. Ё олими дигаре шояд ин корро карда бошад, онҳоро дидан даркор.
Корҳои он олимони асрҳои гузаштаро дидан даркор, асарҳояшонро мутолиа кардан даркор.
Муайян кардан даркор, ки аз он табиати Осиёи миёна, кӯҳистони тоҷик, водиҳо, дашту биёбон, аз ин ҷойҳо гузаштагон чиҳо кашф карда буданд, аз чиҳо бехабар монда буданд? Чиҳоро кашф карда буданд? Чӣ доруҳоро сохта буданд ва боз аз он чӣ доруҳо сохтан мумкин? То он осори гузаштагони худро, кашфиёти онҳоро муайян накунем, кашфиёти имрӯзиҳоро муайян карда наметавонем.
То надонем, ки гузаштагони мо чиҳо кашф карда буданд, имрӯз наметавонем бигӯем, ки олимони рус дар кӯҳистони тоҷик чиҳо кашф кардаанд.
Азбаски осори гузаштагони мо ҳанӯз тафтиш нашудааст, таҳқиқу омӯхта нашудааст, мо наметавонем бигӯем, ки гузаштагони мо аз ин кӯҳистон чиҳо кашф карда буданд ва чиҳо кашфношуда монда буд. Ба ҳамин ҷиҳат нахостам китоби Лукнитский пурра чоп шавад. Ҳеҷ дастам пеш нарафт, то чизҳоеро, ки гузаштагони мо пеш кашф карда бошанд, имрӯз Лукнитский гӯяд, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё