Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

-Не, инро солҳои сӣ олимони мо кашф карданд, олимони рус кашф карданд ва ман онро ҳамон тавр носанҷида тарҷума кунам. Шояд ҳам бори аввал онро олимони рус кашф накарда буданд. Ман ба ин хулоса расидам, ки ҷойҳои дақиқашро тарҷума мекунам, аммо ҷойҳои шубҳанокашро набояд тарҷума кунам.
Бо ин андешаҳо пеши Иброҳимҷон-ака рафтам ва гуфтам:
-Китобе, ки ба ман барои тарҷума додед, хеле хуб тарҷума шуда истодааст. Китоби нимпублисистӣ, ки осон навишта шудааст, лекин ин гуна як масъала пеш омад. Мехоҳам, ки ин қисмҳое аз китобро, ки суол доранд, ман тарҷума накунам.
Баъд аз андешаи бисёр гуфтанд:
-Тарҷума накунед ва сабаби тарҷума накарданатонро ҳатман нависед. Он чи, ки маъқулу мақбул аст, тарҷума карда, зудтар биёред. Мо зуд чоп мекунем.
Тарҷумаи китоби Лукнитскийро ба охир расондам. Азбаски баъзе чизҳоро тарҷума накардам, тарҷума зуд ба охир расид. Чоп карданд.
Вақте ки чоп карданд, ҳаҷми китоб ба забони тоҷикӣ аз ҳаҷми чопи русии он қариб ду баробар кам шудааст, ҳаҷмаш қариб ним шудааст. Он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё