УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Чӣ гап? Барои чӣ мана ин қадар таъҷилӣ даъват кардӣ?
– Ҳеҷ гап не. Фақат... камтар пазмон шудем, – табассум намуд Мурод.
– Ин кас аз тарафи корашон семоҳа Маскав мераванд. Хонданӣ... Пеш аз сафар шуморо бинам гуфта, баумед занг заданд,
– асли масъаларо бе тоқат фаҳмонд келинаш ва андак хомўш монда, аз авзои пирамард ба таври худ хулоса баровард магар, ки ба Мурод назар тофт. – Ман чанд бор таъкид доштам: дар ин ҳавои нобоб амакамро овора накунед...
– Хайрият! – гуфт пирамард хаёлманд. – Илоҳӣ ҳама вақт осуда бошед.
– Биёед, хона дароем, – гашта ба сухан омад Мурод, ин дафъа мулоим аз оринҷи ў гирифта.
Пирамард, ки ба димоғаш боз бўи арақу тамоку менишаст, сараш хам, ҳамроҳи онҳо ба ҷониби дар рафт.
Вай дар зинаҳои сарди сангин оҳиста қадам гузошта, ба кулли рагу пайвандаш эҳсос мекард: бағоят хаставу бемадор шудааст ва аз чӣ бошад, ки ҳоло мехоҳад писарашро нигоҳ дошта, «Муродҷон, – гўяд, – мана диданӣ бошӣ, як рўзата ҳеҷ дониста… дар хонаам рафта бинӣ, аз мартаба намеғалтидӣ. Дуо мекардам.
Тилло магир, дуо гир, дуо магар тилло нест! – гуфтаанд машоих. Ман, охир, падарат! Ку шарм? Куҷост инсоф?.. Дар ин зимистони қаҳратун мани мўйсафеда ба ташвиш андохтан айни бераҳмӣ.
Азоби гўра кашидам. Сиҳат бошам, гапи дигар буд. Худат медонӣ, ки тарбоди сабил даҳ сол боз умрама сўҳон мекунад...»
Вале пирамард инро гуфта натавонист, – забонаш нагашт. Вай базўр ғалаёни дилашро фурў нишонда, ба як хушнудии сохта хандид.
– Хайрият, писарам, хайрият... Илоҳӣ ҳама вақт шоду беғам бошед. – Ва баъд, ҳангоме ба ошёнаи сеюм баромаданду Мурод аз киса калид гирифта, дарро кушодан хост, чунон ки аз дуриҳо садо мекарда бошад, ба овози ларзон илова намуд: – Хондан меравам гуфтӣ, а?.. Нағз, бисёр нағз – хондан кори савоб, писарам.
То метавонӣ... хон!
1972
НАВДА
Аз нав озор ёфтам!
...Дарахти гелос модари ман. Дарахти танҳо, зебо ва бисёр ҷавон. Имсол нахустин маротиба ҳосил баст. Ҳосил басту эҳа-а...
Аз хурсандӣ қад-қад мепарид.
Об мехўрду шукр мегуфт; дар дами боди серуни баҳорон баргҳояш каф зада, навдаҳояш маҳин-маҳин ба рақс меомаданду шукр мегуфт. Аз қатраҳои софи борон зуд-зуд баҳра бурда, ҳай механдид; аз чангу гард тоза шуда, қомати нозукашро саропо афшонда, ҳай мешукуфт; анвори гарму нарми офтобро ба мағз-мағзи шоху баргҳояш ҷой медоду кўдаквор меболид. Ва шабу рўз мекўшид, ки ман ва навдаҳои дигараш зинда бошем, сарсабз бошем.
Меваҳои худро тадриҷан пазонда...
Хотири соҳиби ўро, ки пирамарди пояш маҷрўҳ аст, шод гардонем...
Боз лат хўрдам!
...Модарам дар пушти яке аз тирезаҳои бинои чорошёна реша медавонд. Ду соли дароз оҳиста-оҳиста қад кашида, сараш ниҳоят ба қабати дуюм расида буд. Албатта ба нигоҳубин ва навозишҳои мўйсафеди меҳрубон, ки дар ҳамон ошёна мезист...
Э вой, боз як мошини вазнин гузашт аз болоям!
...Ду сол пеш аз ин ниҳол буд модарам, ниҳолаки хурд, ҳайрон, беқувват. Аммо ман...
Ҳоло ёд надорам, ки ман он вақт дар тани батаровату суфтаи вай будам ё не.
Шояд будам, балки набудам...
Фақат ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки модарам ба-робари худаш барин чандин ниҳоли гелос дар як боғи калон месабзид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё