УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

«Ин чӣ сарсонӣ? – пичирос зад ў, соатро гашта ба кисааш андохта. – Падарам зуд биёянд гуфта, тилфон кардаасту худаш дар хона нест... Эҳ-ҳ, фарзанд, фарзанд! Илоҳӣ офият бошад, а...»
Пирамард поин фуромадан хоста, ба сўи зинапояҳо қадам партофт. Аммо ҳамин дам аз хонаи ҳамсоя баланд-баланд ҳарф задани занеро шунида, ба маънии «хоб набудаандку» абру барҳам кашид; пас тугмаи зангро пахш кард.
Дар фавран боз шуда, дар остона як зани лоғарандоми малламўй, ки ба гирди чашмони хурд-хурди беқарораш ранги кабуд молида, дар бар куртаи сурхи чархи гиребонаш кушод ва доманаш аз зонувон як ваҷаб боло дошт, густох намоён гардид. Ва сар то пои пирамардро ба нигоҳи шубҳаомез чен карда, дағалона пурсид:
– Ба шумо кӣ даркор?
– Духтарам, ман падари Мурод...
– Муродатон кӣ?
– Ҳамсояат...
– Хайр?
– Аз дур омадам. Лекин хонааш маҳкам.
Намедонӣ…
– Ман аз куҷо донам?! Аҷаб одами беандеша будаед.
– Духтарам, ман пурсиданӣ, ки...
– Гуфтам-ку: намедонам! Аз ман дигар ҳеҷ чиз напурсед! Дар ин нисфишабӣ беҳуда занг зада, ба асаби кас сўзан халондан нағз не!
Зан лабонашро каҷу абрувонашро чин карда, дарро ба рўи вай сахт пўшид.
Пирамард аз чунин муомила, ки болои сўхта намакоб буд, ниҳоят ошуфта шуд ва ба ду даст рўймоли миёнбандашро дошта, зери лаб «тавба, тавба!» – гўён карахт берун баромад.
Ва дар он ҷо, дуртар аз дари дутабақаи вурудгоҳ, ки ба дами шамоли сард тоб наоварда, беист пасу пеш мерафту гўё ба ҳоли ў раҳмаш омада, оҳиста ғиҷирос мезад, як хараки пастро дид; ба остини ҷомааш барфи онро рўфта нишаст. Ва аз зўри сармо гарданашро даруни гиребон кашида, ба он тарафи кўчаи ҳанўз сермошин, ба иморатҳои азиме ки дар лаби бом ё дар пештоқашон ифодаҳои калон-калони таблиғоти неонӣ ба ҳар ранг фурўзон буданд, дер гоҳ хаёломез чашм дўхт. Пас ҳарфҳоро ба ҳам ҷанг андохта, чанд рекламаро як-як хонд: гўшт, шир, равған... Гўгирдбозии кўдак боиси сўхтор мешавад... Молҳои сантӣ...
«Сантиаш чӣ бошад? – гуфт ў ба худ ва хеле фикр карда, оқибат ҷавоб ёфт: – Саноатӣ будагист... Беҳазл саноатӣ, «о»
қатӣ «а» дарнагирифтаанд».
Ҳамин вақт аз куҷое як таксӣ омада, каме дуртар истод; нури тези чароғҳояш ба чеҳраи пирамард афтид ва пас ба таксинҷу девори иморат лағжида, дарҳол хомўш шуд.
Пирамард ҳушашро ғундошта, ба таксӣ нигарист. Дари қафои он боз гардида, писару келинаш баромаданд ва дар ҳолате ки байни ҳам чизе мегуфтанд, хандон ба ҷониби вай қадам монданд. Пирамард бархост.
Онҳо ўро диданд ва ба якдигар маънидор чашм партофта, маҷбур гашти худро тезонданд.
– То бегоҳ раҳ поидем, наомадед, – забон кушод Мурод ба оҳанги узр. – Баъд... акнун намеомадагистанд гуфта, ба хонаи як рафиқамон рафтем. Таклиф карда буд...
Аз даҳони ў ба димоғи пирамард бўи ғализи арақу тамоку нишаст.
– Аз хона кай баромадед?
– Нисфи рўз, писарам, нисфи рўз, – гуфт пирамард, ба андоми фарзандаш даме зеҳн монда. – Тилфон карданата шунида, саросема баромадам. Хотирам парешон шуда, ба чӣ гумонҳое ки рафтам...
– Хунук хўрдед, додо... дароем.
Аммо пирамард, ки ҳамчунон карахт ба вай менигарист, аз ҷой наҷунбид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё