Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То ҳол дуюмбора барпо нашудааст мурофиа. Намедонам, ки оқибати ин воқиа ба чӣ анҷом меёбад. Аммо дар ҳар сурат умедворам: он додрас ҳатман қилро аз хамир ҷудо мекунад.
Миёнақад ҳикояташро ба охир расонда, хомўш монд.
– Аҷаб, – калла ҷунбонд пас аз каме Сиёҳчарда. – Вай табиб не, ҳайвон будааст.
– Ана ҳамин хел! – гуфт Миёнақад. – Боз ту ба ман маслиҳат медиҳӣ, ки пеши духтур равам.
– Сарам дард кард, биё... боз яктаӣ гирем.
– Ман розӣ. Аз ёди он ҳодиса сари худам ҳам дард овард, дилам вайрон шуд.
– Чӣ илоҷ, зиндагӣ ба сад ранг аст...
– Рост.
–
...Бисёр ғам нахўр.
Вақте ки Сиёҳчарда инро гуфта, шароб фармуд ва майфурўш стаканҳоро аз нав пур карда, ба рўи миз гузошт, паллаи дар калон кушода шуда, ду нафар ҷавони ҳузарб ворид гардиданд. Дар бар либоси ҳарбии ала доштанд онҳо; яке дар китф, дигаре дар даст автамат доштанд.
Сарашон луч. Рутбаашон чӣ... маълум набуд. Ҳар ду ба пештахта наздик рафта, аз майфурўш пурсиданд, ки шаробаш оё хуб аст.
– Бад не, – даст пеши бар гирифт вай.
– Бирез дута! – ба оҳанги фармон гуфт яке аз онҳо.
– Ба ҷон!
– Лекин агар хуб набошад, ҷонатро мегирам, – гуфт дуюмӣ. – Қабратро ҳам меканам.
Дар даст стакан, якумӣ ба қафо тоб хўрда, аввал ба сўи он марду ду нафар зан, ки инак филҳол сукут ихтиёр карда буданд, балки гаранг аз курсиҳо мехестанд... назар давонд. Пас ба чӣ хаёле рафта, нигоҳи чун сурб вазнинаш ба мизи дигар кўчид. Вай аз Сиёҳчарда ва Миёнақад чанд сония чашм наканда истоду якбора гуфт:
– Ба фаросати худ намеҷунбед, а!
– Бахшиш, ана...
Сиёҳчарда тохта ба по шуда, стаканашро гирифт, ки аввал шароби онро нўшад.
– Мон дар ҷояш!
– Хуб, хуб... – стаканро ларзон болои миз гузошта, зуд пеши дар рафт ў.
– Ту чаро намехезӣ? – дар паҳлуи шарикаш ҳозир гардида, гуфт дуюмӣ ба Миёнақад.
– Мо нишаста будем, бемалол сўҳбат доштем... – аз ҷой наҷунбид вай.
– Мегўӣ, ки сўҳбат доштед? – пурсид якумӣ ба тамасхур.
– Бале. Аммо дўғ мезанед шумо, зўрӣ мекунед...
– Харӣ ту, хари лавандӣ!
– Дашном надеҳ...
– Ростӣ?
– Набошад чӣ?..
– Боз ҳам харӣ!
Вай стакани худро оҳиста ба рўи миз гузошта, дар ҳолате ки автамат ҳамчунон дар китфаш овезон буд, ба ҷониби Миёнақад даст дароз кард. Ва ўро маҳкам аз гиребонаш гирифта, ба як кашидан сари по монд. Сипас бедиранг дар зери манаҳаш мушти гароне фуроварда, ба мисли тўб аз дари майхона берун андохт.
– Мо аҳмақ набошем, шабу рўз дара ба дараву кўҳ ба кўҳ гашта, оё аз барои ҳамин гуна сагон ба душман ҷанг мекардем?!
– Биё, бишин, – гуфт ба вай шарикаш, низ стакани худро болои миз гузошта. – Сазои сараш... Раҳмашонро бисёр ки хўрдаем, ёзидаанд. Аз одаму одамгарӣ дур шудаанд.
1997

пешина
аз 132