УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Ду моҳ қабл аз ин як рафиқи ман дар пеши назари табиб модарашро бой дод.
Ба касофати сангдилии он ҳаромзода...
Мепурсӣ, ки чӣ хел? Ҳоло ман ба ту мегўям.
– Оромтар гап зан.
– Не, дар ин бора ором гап зада намешавад. Хўш ки бошад, модари ҳамон одам аслан бемор буд. Дилаш иллат дошт. Як шаб ногаҳон дардаш боло гирифта, кампир бетоқатӣ мекунад.
Писар ба ёрии таъҷилӣ занг мезанад. Дар телефон ба вай мегўянд, ки бензинашон нест, рафта наметавонанд. Писар ба чор тараф давида, оқибат аз кўча як мошин ёфта, ба пули калон киро мекунад. Ва модарро ба беморхона, ба ҳузури табиб мерасонад.
Табиб фақат набзи кампирро санҷида, рўирост ба писараш мегўяд:
«Аввал сад доллар медиҳӣ, пас модаратро мехобонем. Муоина мекунем; аз паи табобаташ мешавем. Албатта... доруи бисёр лозим. Худи табобат ҳам пул мехоҳад. Хуб, дар ин хусус маслиҳатамон баъд. Ҳоло сад доллар барор».
«Ман аслан доллар надорам, – мегўяд писари кампир. – Лекин бе ин намешуда бошад, ба хотири сиҳатии модарам аз таки замин бошад ҳам, пайдо мекунам. Фақат пагоҳ...»
«Не-е, – мегўяд табиб. – Надошта бошӣ, тозон рафта, аз ягон ҷо ёфта биё». «Ман дар ғояти шаб пеши кӣ меравам?» – ҳайрон мемонад писари кампир.
«Инаш дарди сари худат», – фориғбол...
ва ҳатто дағалона мегўяд табиб.
«Хуб, ту ҳоло беморро бин, ягон сўзандору гузарон, ки аҳволаш сабуктар шавад. Лозим донӣ, хобон. Баъд ана... мегирӣ ҳаққатро. То модарам дар ҳамин ҷо бошад, ман гурехта ба гўре намеравам»,
– мегўяд писари кампир.
«Не, бародар, аввал ҳиссаи хизматро биёр», – розӣ намешавад табиб.
«О вай дар ин аҳвол нобуд мегардад!» – қариб гириста, мегўяд писари кампир.
«Бақувват аст модарат. Тоб меорад...» – ҳамчунон хотирҷамъ мегўяд табиб.
«Ту чӣ хел одамӣ? – ниҳоят сабру тоқатро аз даст медиҳад ў. – Фарзанди мусулмонӣ ё не?»
«Алҳамдулиллоҳ, мусулмонам. Барои ҳамин гапам якта», – нешханд мекунад табиб.
Хулоса, онҳо дар банди чунин гуфтугўи бадтар аз муноқиша будаанд, ки кампир дар рўи кати сахт, дар пеши назари табиб ва ҳамшира ҷон ба ҳақ месупорад.
Писари ў, фиғонаш ба осмон печида, ҷевони оҳанини пур аз дорувор ва асбоби табобатро – дар гўшае меистодааст он – ба сари табиб чаппа мекунад. Бар замми ин ба пушту паҳлуи вай ду-се лагад ҳам мефурорад; хуб дашном медиҳад. Кафи даст ва бари рўи табибро шишапораҳои ҷевон бурида, аз ҷароҳаташ хун меравад.
Ҳамшира тавассути телефон аз ин аҳвол зуд ба милисахона хабар мерасонад. Аз он ҷо ду нафар омада, писари раҳматӣ кампирро ба истинтоқ мегиранд; чӣ воқиа рўй додааст, саросема хату чак мекунанд. Ва ба ў:
«Ҳоло боз ба ту вомехўрем», – гуфта, лоқайд аз паи кори худ мераванд.
Воқиан ҳам пас аз чанд рўзи модарашро ба хок супурдан он рафиқи маро, ки дар зери бори ғам қоматаш ҳанўз хамида буд, ба додгоҳ даъват карданд; ба мурофиа... Ман ба ту гўям, аслан дар дунё одамони хуб кам нестанд. Вале аз чӣ бошад, чашми мо бештар ба бадон меафтад. Аз ин рў дар зиндагӣ, дар тафриқаи сиёҳу сафед баъзан фиреб мехўрем.
Чӣ тавре гуфтам, рафиқи маро ба додгоҳ кашиданд. Лекин шукр, ки додрас инсони баақл будааст, баинсоф будааст. Вай ҳама дарди ҷавобгарро шунида, ба додхоҳу шоҳидон муфассал суолу ҷавоб карда, аз решаи ҳодиса яқин пай мебарад. Ва парвандаи ҷиноиро барои аз сари нав тафтиш ва таҳқиқ намудан бармегардонад. Мегўяд, ки рафтори носазои табибро низ ҳангоми иҷрои вазифааш ҷиддӣ ба назар гирифтан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё