УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Аввал аз чашмакаш ба берун нигариста, пас табақи дарро мекушояд. Инак аз чеҳраи ў, ки бар асари беҳад сафедӣ молидан дар муқоиса ба гардани сабзинааш айни фағфурро мемонд, пардаи табъи хира тамоман рафъ мегардад. Ва дарро аз пушти худ бесадо пўшида, дар китф сумкаи ҷигарранги шинам, ба даҳлез зане қадам мегузорад болобаланд, гунаҳояш батароват, лабонаш хушоб, мўи ба хурмоӣ моили ғафсаш маҳин шоназада, чашмони шўхаш зиндаву зебо... Вай ба табассуми ширин салом дода, аҳвол мепурсад. Ва зуд қуфлаки сумкаашро кушода, ба писаракон, ки ҳоло дар бари модар алиф барин рост меистоданд, дутаӣ қанди коғазпеч медиҳад. Баъд сари онҳоро сила карда, аз рўяшон нарм-нарм мебўсад.
–Хуш омадӣ, апа! Қариб як ҳафта боз надидамат. Ин чӣ ҳамсоягӣ?.. Ку бигзар, бароҳат шинем. Чои тайёр ҳаст... Кам не, ғам не, як ҳафта мешавад, а! – ба оҳанги таассуф кала меҷунбонад соҳиби хона.
– Рост мегўӣ, Ситораҷон. Аз рўзе ки уту мепурсидӣ, ман ҳам сояатро дигар надидаам, – механдад зани болобаланд.
– Худо гирад ин ҳуши парешони маро!
Фаромўш кардаам. Аз рафтуомади гунагуна меҳмон... Шумо намедонед утуи холаатонро куҷо мондам? – ба ҳар ду писаракаш менигарад Ситора. Ва ҷавобе нашунида, беихтиёр тасмаи хилъаташро мекушояд – гуё фишор меовард ба миёнаш,
– аз сари нав мебандад. – Биё, апаи Шаҳзода, ҳоло як дам шинем, баъд ёфта медиҳам... Худат медонӣ, ки утуи наппа-нав дорам. Олмонӣ... Лекин, сабил монад, мабодо ягон ҷояшро сўзонам гуфта, аз кор фармудан метарсам.
Шаҳзода, аз ифодаи чеҳраи гармаш маълум, ин гуна ҳарфҳои беҷоро аз даҳони ў бисёр шунидааст магар, дупўста карда, гапро ба дигар тараф мабарад:
– Боз меҳмон омад? – ва борониашро чаққон аз тан кашида, болоиҳам ба сумкааш дар кашак меовезад. – Гуфтам, ҳарчанд дандон сафед мекунӣ, хотират ҷамъ нест... Хайр, ман розӣ, камтар мелақем. Чунки то аз кор омадани акаат ним соат барин вақт меёбам. Зиёд не... Ту албатта меҳмон доштӣ. Вагарна табъат хира намебуд.
– Меҳмон, а! – ба оҳанги нафрат даст меафшонад Ситора. – Хешу табори Икром
– амакбачааш, ду тағояш. Се рўз боз безор кардаанд – мераванду меоянд, мераванду меоянд... Кошкӣ одам мебуданд он гадотабъон!
– Гиребонатро дошта, баэҳтиёт гап зан, Ситора, – мегўяд Шаҳзода, ба яке аз курсиҳои мулоими гирди миз нишаста. – Одатан номаш зан дар ҳаққи пайвандони шавҳараш ин хел суханҳои пасту баландро раво намебинад.
– Безорам... Ҳам аз худаш, ҳам аз хешу табораш. Ба худо, ки сер шудаам аз ҷонаки ширинам. Ту бовар намекунӣ, апа...
– Ҳай-ҳай, дониста дурўғ мегўӣ, а! – аз табақча як дона мавиз гирифта, хандон ба даҳон мебарад Шаҳзода. Пас ба фарзандони ў менигарад, ки ҳоло саропо гўшу ҳуш гардида, кунҷковона дар курсиҳои дигар менишастанд. – Шумо акнун мардак шудаед; хезед, рафта дур-дур бозӣ кунед. Ба гапи мо, занҳо, ҳавас мондан шарт нест.
Хезед, ҳа-а... зудтар!Писаракон хоҳамнахоҳам ба хонаи шафат мегузаранд.
Ситора чойникро пештар гирифта, як пиёла чой мерезад.
–Ширгарм...
–Ташвиш накаш, дилам чизе намехоҳад,
– мегўяд Шаҳзода, маънидор табассум карда. – Ана, мавиз чашидам... Исто, ки ин навъашро аз куҷо ёфтӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё