Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

–Пур аст бозор. Қоидааш, ман барои қишлоқиҳо алоҳида харид мекунам. Арзон бошад... Ҳозир аз баширааш меорам, аз нағзи нағзаш, – зуд аз ҷой хестан мехоҳад Ситора. – Аслан ҳамин кифоя буд ба онҳо.
Гаҳвораашон аз осмон наомадааст.
–Лозим не, наҷунб. Гуфтам-ку: дилам ҳеҷ чиз намекашад. Дар мактаб каме асабӣ шудам. Ҳоло, чӣ тавре худат гоҳо ба забон меорӣ, як разбор карданиам.
– Ба ман?!
– Бале, ба ту.
– Кошкӣ... Аз рўзе ки панҷ сол пеш ҳамсоя шудем, туро ба ҷои апаам медонам, шавҳарат – ба ҷои акаам. Шумо, охир, аз ман калонтаред, батаҷрибаед. Боз ин ки аз тарзу тариқи ҳаёти мо бохабаред. Махсусан худат. Пас кошкӣ...
– Рост, ман аз ту қариб даҳ сол калонам.
Барои ҳамин, хешу табори шавҳарат баҳона, бар замми он ки – албатта дар хотир дорӣ – ду-се бор мулоим фаҳмонда будам, боз таъкид карданиам: ба соҳиби сарат, ба фарзандонат, ба ҳама пайвандон... умуман ба хурду калон меҳрубон бош. Аз ту чӣ меравад? – танҳо рўи хушу пиндори нек... Аслан дили одами меҳрубон ҳамеша кушод аст, нарм аст. Чунки реша ба реша аз шодӣ об мехўрад. Аз шодии дўст, хешу табор, ҳамсоя, ҳамнишин... Ниҳоят аз хотири ҷамъи худаш.
– Ман таҳтан ба касе кор надорам.
Ташвиши хонаву дарам, тарбияи ана он фарзандонам басу барзиёд.
– Дар зиндагӣ ҳама ташвиш мекашанд.
Лекин кордор будан, чӣ гўям... бисёр лозим баъзан. Беҳуда наовардаанд: одам ба одам зинда аст. Як ҷаҳон маънӣ дорад ин гап.
– Эҳа-а-а, аз он ки ба хешу табори Икром зинда бошӣ, зинда набудан беҳтар.
– Яъне? – ҳайрон мешавад Шаҳзода.
– Яънеаш – ҳайвонанд онҳо. Аз кўчаи одамгарӣ нагузаштаанд. Чунон нодидаанд, ки омадан замон дастархон бошад, кифоя – дар як мижа задан холӣ мекунанд. Ҳатто ҳамин мавизи пучакро каф-каф ба думчааш мехўранд... Сару танашон доимо чиркин, чашм гурусна, ришҳо расидагӣ, пойафзор ҷўлида ба хоку лой... То ҳол бўи бадашон аз хона намеравад.
– Росташро гўй, – ширин ва дар айни замон ба оҳанги таассуф механдад Шаҳзода, – чӣ шуд? Кадом пишак гузашт аз байни шумо?
– На пишак гузаштааст, на кучук, – механдад Ситора низ. – Аммо шон намефоранд ба ман. Аз аввалин рўзҳое ки оиладор шудем, аҳвол ҳамин. Мақбул нестанд онҳо... вассалом!
– Барои чӣ?
– Гуфтам-ку, – боз механдад вай.
– Сабабҳое ки овардӣ, чандон поя надоранд. Чунки одамизод пайвандонашро интихоб намекунад.
Хешу табор, падару модар, писару духтар... – камбизоатанд ё бадавлат, камақланд ё баақл, чиркинанд ё олуфта, – чӣ хеле ки бошанд, аз хати тақдиранд.
Ниҳоят ба ҳар кас худи худо медиҳад онҳоро. Дар ин хусус ягон маротиба фикр кардаӣ?
– Бекор намондаам. Ва албатта не-е... – баиллат мегўяд Ситора.
– Шавҳарат-ку инсони хуб – шабу рўз дар ғами шумо ҷон мекоҳонад.
Фарзандонашро дўст медорад, ба ту ҳам меҳрубон. Хонаву дарат обод. То ҷое ки ақида мекунам, аз калон-калон хўрдану нағзнағз пўшидан низ таъминед. Пас боз чӣ мехоҳӣ?
– Камтар бинам хешу таборашро...
– Хуб, ҳоло рафтанд онҳо?
– Бале, ахир дафъи мўъминон шуданд.
Ахир ҷонам як муддат халос хўрд.
– Кай омада буданд?
– Се рўз пеш.
– Икром албатта ҳар рўз то нисфи шаб дар корхонааш?

пешина
аз 132
навбатӣ