УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Ҳамин тавр... Қишлоқиҳои носерами ўро хуш омадед гуфта, меҳмондорӣкардан
– фақат бори ман. Кошкӣ кам мебуданд!
Ба худо, ки аҷириқи тайёр...
– Хайр, ана... ҳоло рафтаанд бечораҳо.
Боз ба чӣ сабаб ин қадар асабӣ мешавӣ?
– Аламам мегирад, апа.
– Аз он ки шояд дармонда, ба кадом ташвиши худ Душанбе омадаанд. Ва аз ғояти дасттангӣ ба ягон меҳмонсаро нарафта, сар ба хонаи ҷиянашон задаанд... Дуруст мегўям?
– Не, охир! Биёянд, раванд. Лекин... тарошаи хушк барин, ду даст дар бинӣ, аз дари касе даромадан айб нест магар?
– Аввал ин ки онҳо аз дари одами бегона не, аз дари хеши наздик даромадаанд. Сониян, як кас метавонад дастовез дошта бошад, дигар кас наметавонад... Вобаста ба илоҷаш.
Худат медонӣ – ҳоло бисёре аз мардумон ба душворӣ рўз мегузаронанд.
– Дар ҳар сурат баъзан фикр мекунам, ки падару модар надорад, дар сағирхона калон шудааст, пас агар тақдирамро ба вай пайвандам, бе дарди сар зиндагӣ мекунам гуфта, оқибат фиреб хўрдам. Ба ягон шаҳрии худамон мерасидам, сад бор беҳтар буд.
– Аҷаб, дар пешат ду писарчаи нозанин, боз ин хел гапҳои бемаъниро ба забои меорӣ... Айб аст.
– Барои чӣ? Одамон ҳатто ба се-чор фарзанд аз ҳам ҷудо мешаванду...
– Барои он ки вақте ҳаёти кас хуш мегузарад, ман инро ношукрӣ медонам.
– Росташро гўям, апа... дўст намедорам.
– Шавҳаратро? – мутаҳайир суол мекунад Шаҳзода.
– Агар не, киро, кадом олимақомро? – андак сурх шуда, қир-қир механдад Ситора.
– Гапи нав-ку! Шояд хешу табори ўро аз ҳамин сабаб бад мебинӣ. Сониян, модоме дўст намедоштӣ, чаро дар вақташ саросема издивоҷ кардӣ?
– Намедонам... Бачаи нағз менамуд.
– Ҳоло чӣ, ганда шудааст?
– Не-е, ҳамон хел ки буд... Мулоим, сараш мудом паст.
– Аммо сари ту мудом баланд, – бори чандум аст, ки сабук механдад Шаҳзода. Ва ин ханда бо вуҷуди садои форамаш як навъ маломати пинҳон дорад.
– Ман муттаҳам нестам...
– Икром чӣ?
– Муттаҳам набошад ҳам, вай бояд хиҷолат мекашид. Нисфи пули ҳамин хонаро раҳматӣ модарам дода буд. Харҷи дирўза таъмираш низ аз кисаи бародарам, хоҳарам...
– Ҳеҷ қисса не, инро хешутаборӣ мегўянд.
Шавҳарат ягон вақт бармегардонад.
Намегурехтагист.
– Барнагардонад. Зор нестанд онҳо ба пули вай.
– Пас чӣ кор кунад?
– Оби шикамашро ҷунбонад.
– Мегуфтӣ, ки ҳар моҳ камаш сесадчорсад сомонӣ меёбад. Боз чӣ хел оби шикам ҷунбонад?
– Мошин харад...
– Бе мошин рўзатон намегузарад?
– Мегузараду шавҳари ҳама дугонаҳоям мошин доранд.
Ман аз онҳо кам набошам...
– Бисёранд?
– Киҳо? – намефаҳмад Ситора.
– Номашон дугона... – мегўяд Шаҳзода.
– Худоро шукр, ҳастанд даҳ-дувоздаҳта.
– Ваҳ! Чандон фоли хуб нест ин. Боз кӣ медонад?!
– Чаро хуб набошад? Худо аз дугона диҳад, – дафъатан механдад Ситора.
– Худат мегуфтӣ, ки ҳоло бародарат пули бисёр дорад...
– Хайр?
– Агар ниҳоят зарур медонӣ, пас миён баста, ба шумо ягон мошин тўҳфа кунад.
– Вай рестаран хариданӣ.
– Ҳай-ҳай, давлаташ калон будааст!
– Аммо ҳимматаш майда.
– Ин тавр бошад, ташвиши як паллаи хўрҷини зиндагиро ба гардан гир, кор ёб.
Баъд мебинӣ – Икром ҳам аз даромадаш кам-кам пасандоз мекунад. Худат мегуфтӣ, ки касбат бухгалтери иқтисоддон, дипломат сурх...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё