УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Бечиз нагуфтаанд, ки вобаста ба зан аст баракати ҳар хонадон, – сараш андак хам, қуфлаки сумкаро маҳкам мекунад Шаҳзода.
– Равшании чароғаш ҳам! – сухани ўро аз даҳон гирифта, масрур ба забон меорад Ситора.
– Баъзе одамон маҳз аз сарфаи сари оташдон ба ҷое расидаанд. Ва баръакс – нафс агар бад бошад, балои ғафс бошад, хонаи обод ҳам вайрон мешавад. Дониста мон, а!
– Ман инро медонам.
– Хуб, кўтоҳаш – оташдон дар дасти кист?
– Дар дасти худам! – баланд механдад Ситора.
– Минбаъд баандеша кор бандӣ, Икроми ту ҳам ягон рўз ба молу манол мерасад.
Пас табъи дил ҳавлӣ месозед, мошин мехаред... Яъне агар зану шавҳар дониста аз кўи вафо гузаранд, мушкиле нест, ки осон нагардад. Муҳиммаш – садоқат, сабру таҳаммул.
– Чӣ, ман ба вай содиқ нестам?
– Осуда бош, ту содиқӣ, бисёр содиқӣ, – фарох табассум мекунад Шаҳзода. – Аммо як қадар сабукӣ дорӣ, кори дунёро саҳл мегирӣ. Фурсати муносиб даст диҳад, чӣ хеле ки худат гоҳо мегўӣ, ба ту боз… ин карат дурусттар разбор карданиам.
– Кошкӣ!
– Ба шарте аз он чи гуфтам, наранҷида бошӣ.
– Туро ба ҷои апаам медонаму...
– Ташаккур. Ҳоло ман рафтам.
– Боз биё, апаҷон, хонаи худат. Воқиан, утуро кофта ёбам, зуд дароварда медиҳам.
– Кори хуб мешуд, – чеҳрааш ҳамчунон оинаи табассум, нарм мегўяд Шаҳзода ва дарро бесадо кушода, бесадо аз пушти худ мепўшад. – Бале, айни муддао мешуд.
Мисли он ки сараш ногаҳон ба дард омада бошад, Ситора даст ба пешонӣ бурда, дар даҳлези равшан даме ноҷунбон меистад. Баъд чароғро қаҳролуд хомўш карда, ҳар ду писаракаш аз қафо, қариб тозон ба меҳмонхона медарояд.
Чойники қирмизӣ, чанд пиёла, қанддон ва табақчаи бамавизро аз болои миз гирифта, ҳамон тавр дар ситез ба ошхона мебарад. Ва даррав баргашта, дар назди диван хаёлманд каме таваққуф мекунад.
Дафъатан даст ба пешонӣ мениҳад, чаккаҳояшро як-дуборӣ мемолад. Гаранг метобад ба назар. Писараконаш дар рўи қолини серпат нишаста, аз нав чормағз меғелонанд. Ба тарзе машғули бозианд, лекин хомўш, бе ҳеҷ садо... Вай ба онҳо эътибор надода, ақалан нигоҳ ҳам накарда, аз кисаи хилъаташ гуё беихтиёр пулти хурдаки телевизори калонро, ки дар пешгаҳи манзил меистод, берун меорад. Ва ба як пахши сарангушташ оинаи бавусъати ҷаҳоннамо равшан гардида, духтаре, балки зане лўнда ва танноз – мўйҳои рах-рах сафеду сиёҳаш парешон, дар даст баландгўяк, сад печутоб хўрда, чашмони махмурашро гоҳ пўшидаву гоҳи дигар кушода, чоки бари доманаш то сари рон, аз саҳнаи бузурги ба ҳафт ранг музайян лакнатдор мехонад:
Доим мекунам садоят, Да-аа-лӣ, Ҷа-аалӣ.
Доим мекунӣ садоям, Да-аа-лӣ, Ҷа-аалӣ...
Чеҳраи гирифтааш якбора боз шуда, Ситора пултро беозор дар рўи мизи пастаки хушҷило, дар пеши гулдони барқади булўрин мегузорад. (Гул надорад гулдон; ғариб аст, холист...) Ва овоз бароварда, худ ба худ мегўяд:
–Хон, азизам Парвин, хон! Безор шудам аз насиҳати духўраи он беваи китобмаст!
Аввал хонаву дарашро ба тартиб андозад...
Тавба!
Писаракон – акаву додар – як қад парида, мутаҳайир ба ҷониби модар менигаранд.
Вале Ситора парво надорад. Вай тасмаи хилъаташро кушода, ҷуссаи ба ҳар ҳол вазнинашро ҳамоно болои диван мепартояд. Пас дар як савқи табиӣ болинаки мулоими онро ба таки сар кашида, омехта ба садоҳои гўшхарош ва номафҳуми «Дааа-лӣ, Ҷа-аа-лӣ...» дуру дароз механдад. Ба дараҷае ки аз ҳалқаи чашмони дар ин лаҳза тангаш ришта-ришта ашки гарм заҳида, сурмаи ғафси бехи мижгон ва зиёда сафедии рухсораҳояшро хат-хат шуста, андоми ў дар партави қандили мунаввари шифт бағоят сард, берўҳ ва ҳатто...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё