УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

бимангез метобад.
2004
ТАШНАГӢ
Вай ташна буд.
Аз ин рў боз чанд километр раҳ паймуда, як силсила талу теппаҳои сабзро қафо гузошту ба нахустин шаҳрак расидан замон...
Дар паноҳи дарахте мататсиклро нигоҳ дошт. Ва як нафаси чуқур кашида, чолок аз он фуромад. Сипас кулоҳашро аз сар гирифта, ба пушти даст арақи пешониашро пок карду ба дигар самти кўча гузашта, аз се зинаи сангин боло шуд; дари дутабақаи рангаш эҳтимол аз боду борон паридаро оҳиста кушод. Ошхона холӣ буд. Фақат дар пушти як миз духтараке нишаста, чой ва кулчаи қандин мехўрд. Ў сар бардошта, ҷавонро ба диққат аз назар гузаронд. Чеҳрааш афрўхта, мўи буридааш қиргун ва...
Кўдаквор маъсум метофт духтарак. Дар пеши пояш анбоне меистод.
– Об диҳед, – гуфт ҷавон, ба пештахтаи буфет такя оварда.
– Як шиша?
– Бале.
Занаки буфетдор китоби фарсудаеро, ки аз бекорӣ варақ гардонда менишаст, як тараф монд. Ва аз қуттӣ шишаи об гирифту даҳонашро кушод; стакан овард.
Аммо вай чандон тоза набуд. Ҷавон рўй турш кард, бо вуҷуди ин ба худ об рехт. Оби зулол, ки андаруни зарф биҷирос мезад.
Баъд онро қулт-қулт нўшид.
Ҷавон ташнагӣ мешикасту духтарак аз вай чашм намеканд. Нигоҳаш кунҷков буд; ҳамчунон моломоли чизе ки маҳз чӣ будани онро фарқ кардан мушкил...
Ҷавон низ ба ў назар давонд. Духтарак бештар сурх шуда, нигоҳашро қадре гурезонд. Чашмони сиёҳи калонаш аҷаб зебо буданд, аҷаб гарму гиро метофтанд.
Ногаҳон ҷавонро хоҳише даст дод, ки дар ин шаҳрак як муддат зиндагӣ кунад. Дилаш гум зада, аз чӣ сабаб ба чунин хаёл рафт, – худ намедонист. Вай аз буфетдор боз як шиша об пурсида, кулоҳи сурхи ялақосиро ба сар монд. Баъд зери лаб табассум карда, онро аз нав ба даст гирифту... Як қуттӣ сигарета ҳам хост.
Ҷавон оринҷашро аз пештахтаи тиреза наканда, акнун сигарета мекашид. Ва сандуқи синааш равшан, аз хусуси духтарак андеша меронд. Кист ў, куҷо меравад?
Ҳамроҳ гирадаш, чӣ?.. Розӣ мешуда бошад? Шармин аст яқин, ҳатто сур метобад.
Ҳмм... одам барин баадабона таклиф кунад, не намегуфтагист. Шояд раҳашон як... Пурсад, чӣ? Лекин...
Бегоҳ вай бояд дар Душанбе бошад. Ба рафиқонаш ваъда карда буд, ки ба ҳам вомехўранд; дар қаҳвахонаи «Сиёвуш»
нишаста, як-ду соат дами беғам мезананд – мусиқӣ мешунаванд, айёми таҳсили худро дар мактаби кафшергарӣ ба ёд меоранд; кадоме чӣ ҳол дорад, ниҳоят пурсон мешаванд. Духтарак... мумкин ў ба дигар тараф равад. Хайр... лекин чаро напурсад? Барои ин кораш носазо намешунидагист.
Пурсидан айб нест гуфтаанд. Вале рафиқонаш...
Агар фаҳманд, ки вай ба кадом духтари ношинос овора гардида, ба Душанбе, ба мулоқоти пешакӣ таъин дер кардааст, вақташро бебаҳра гузарондааст, барбод додааст, – аз ханда рўдакан мешаванд.
Ҷавон боз сигарета даргиронд. Вай мекўшид аз ҳузури он духтараки нигоҳаш нарм, дар айни ҳол сўзон, ки мўи қиргуни буридааш андак парешон...
Дар пушти миз танҳо нишаста, гоҳо ба ҷониби ў назар меафканд, дигар фикр накунад.
– Боз борон меборидагӣ барин, – гуфт занаки буфетдор. Ва китоби фарсударо, ки як тараф монда буд, гашта ба даст гирифт. – Тамоми шаб раъду барқ шуд, борон гўё аз сатил мерехт. То саҳар хобам набурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё