УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Агар падарам намебуд, дар даҳ сол ҳам намегирифтӣ. Вай дар умраш аввалин бор хизматҳояшро пеш андохта, идора ба идора гашта... Эҳ, чӣ гўям! Аммо ту рўзи маргаш ба ҷои ду қатра ашк рехтан бегоҳ арақ хўрда омадӣ.
– Худат медонӣ, ки ман гириста наметавонам...
– Рост. Дили ту аз санг. Рўзи вафоти модарат ҳам чашмат нам нагирифта буд.
Ба ту пул бошад, сарулибоси гаронбаҳо бошад, вазифаи баланд бошад... Инсон чӣ?
Инсон барои ту чени хас қадр надорад.
– Хайр, мон акнун ин гапҳоро. Кӣ ҳақ, кӣ ноҳак баъд маълум мешавад.
– Бубахш, сахт расидам. Ман асло намехостам, лекин...
– Гуландом чӣ хел?
– Нағз, қад кашидааст. Соли оянда мактаб меравад. Пештар гоҳо ба суратат нигариста, зиқу зор мегуфт, ки падарам дар куҷо, кай меояд. Аммо вақтҳои охир намепурсад.
– Дар хонаи амакам гуфтӣ…
– Аз ноилоҷӣ.
– Ту фардо воқиан дар бемористон хоб карданӣ?
– Бале.
– Афсўс, фурсат надорам, ки рафта Гуландомро бинам.
Аз деҳа баргардам, пас ана...
– Ба падарат салом расон. Мўйсафед одами нағз, дилсоф... Бародаратро ҳам пурс.
– Албатта.
– Баъзан онҳоро ба ёд оварда, худ аз худ шарм медорам.
– Ҳоло дар куҷо кор мекунӣ?
– Касбам ҳамон касб – меъморӣ. Вале дар муассисаи дигар, ба хона наздиктар.
Барои Гуландом шуда... маҷбур аз институт рафтам.
– Борон ганда гирифт.
– Нағз, меҳри падарамро ба хотир меорад, навозиши модарамро, айёми кўдакиамро...
– Хунук хўрдӣ?
– Не.
– Ман хунук хўрдам.
– Чой нўш.
– Дер шуд. Вақти хобат расидагист.
– Хобам парид.
– Ман ба як илтимос омадам. Аз худи Маскав...
– Хайр?
– Ба ман пул лозим.
– Пул?!
– Бале, ниҳоят зарур. Вагарна...
– Чанд сўм?
– Чанд сўме ки дода тавонӣ. Ҳазор сўм, ду ҳазор сўм...
– Ин қадар пулро чӣ мекунӣ?
– Мошин мехарам.
– Мошин? Гумон бурдам, ки шояд қарздор шудаӣ, ё рўзат намегузарад.
– Як ҳамкорам дармонда, арзон фурўхтанӣ; мошини нав, хушранг, бақувват. Кӣ медонад, ки боз кай ин хел фурсати муносиб даст медиҳад!
– Ман пули бисёр надорам. Ҳар чӣ аз раҳматӣ модарам мондааст...
– Чӣ қадаре ки бошад... Аз хирс мўе гуфтаанд.
– Ақалан мегуфтӣ, ки аз оҳу!
– Бубахш, дар омади гап... Ягон рўз бахтам тобад, ҳамаашро бармегардонам.
Бе каму кост.
– Ғам нахўр, баргардондан ҳатмӣ не. Аммо... фақат ба як шарт медиҳам.
– Хуб, шартатро гўй.
– Ту маро осуда мегузорӣ.
– Яне... чӣ тавр осуда?
– Дигар ба ман рўбарў намешавӣ.
– Чӣ илоҷ... Пас ба воситаи почта мефиристам.
– Гуфтам-ку: зарур не. Ҳисоб кун, ки пули худат. Ҳозир... ана, ҳаштсад сўм. Буду шудаш ҳамин. Агар боз медоштам, мошинатро ҳам худам харида медодам.
– Ташаккур! Лекин неш заданат...
– Бовар кун, неш назадаам. Аз таҳти дил гуфтам.
– Хайр, раҳмат... Ман акнун равам. Ту хаста шудӣ.
– Ҷои хоб дорӣ?
– Ҳа, як рафиқам дар хонааш интизор.
Меоям гуфта будам. Алваъдаву дайн...
– Шартамонро фаромўш намекунӣ?
– Фаромўш кардан душвор. Вале... модом ки хоҳишат ҳамин аст...
– Шояд аввал чой менўшӣ? Ҳавои берун сард.
– Ташаккур, дер шуд.
– Ба падарат ҳатман салом расон.
– Мерасонам… Шарфи ман канӣ?
Воқиан, дуруст мегўӣ: берун хунук...
Ташвиш накаш, ана… ёфтам. Дар остини палто будааст... Имрўз ба ҳар ҳол охирин рўзи тирамоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё