Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бале, охирин рўзи тирамоҳ! Эҳтимол барф борида, дунёро сафед мекунад.
– Ҳа-а, хосияти барф нағз... Хайр, саломат бош!
– Ҳозир, як дақиқа, ҳозир... Ана инро ҳам бигир. Рафту барои мошин пулат нарасад, лозим мешавад.
– Ин чӣ? Охир...
– Намебинӣ? Ангуштарин, ҳамон ангуштарини рўзи ақди никоҳ...
– Ташаккур!
– Намеарзад.
– Саломат бош!
– Ту ҳам...
1983
ФАРЗАНД
Онҳо, писарбачаи дувоздаҳсолаву марди чилсола, дар боғи истироҳати шаҳр, дар зери як соябони нақшини монанд ба қорчи бузурге…
Рўбарў нишаста, яхмос мехўрданд. Охири баҳорон буд.
Боғи сарсабз лабрези анвори офтоб, лабрези гуфтугузор ва ханда...
Кўдакони масрур аз дасти падару модар ё бародару хоҳарони худ гирифта, сайру гашт мекарданд; ба чархофалак савор мешуданд; меҷаҳиданду мепариданд.
Баъзе аз онҳо, чун писарбачаи дувоздаҳсолаву марди чилсола, дар зери соябонҳои дигар нишаста, низ яхмос мехўрданд; шоду беғам буданд.
Хуллас, боғи истироҳат дар он гашти рўз як қасри сурурро мемонд. Қасре ки буттаҳои хушгул дорад, фаввораву дарахтони раъно ва осмони тозаву офтоби тобон дорад.
Аммо дар чунин рўзи пок писарбачаи дувоздаҳсола ва марди чилсола гўё ба ҳам бегона буданд; побанди хаёл ва ҳар кадоме ба таври худ танҳо...
Тамоман танҳо буданд.
Сари ҳар ду низ андак хам, онҳо ба якдигар сухане нагуфта, аз ду зарфаки поядори филизӣ ва сард, ки дар рўи мизи гирда меистод, яхмоси сард мехўрданд.
Писарбача ангуштони дароз-дарози базеб дошт, сиёҳчарда ва ситорагарм буд.
Мўйсараш ғулӣ... ба чашмони калонкалони мешӣ ва андак мағмуми ў мижаҳои зичаш соя меандохтанд. Кас ба як дидан пай мебурд, – ин бачаи дар назар ҳассос эҳтимол фарзанди ҳамин мард аст, ки ҳоло ба вай рўбарў нишаста, аҳён-аҳён, гўё қадре тарсида, ба сўяш чашм медавонад.
Вале...
Чунин менамояд, ки писарбача инро ҳис намекунад, ё ҳис кунад ҳам, эътибор намедиҳад.
...Бале, падару писар буданд онҳо!
Ҳафтае як маротиба вомехўрданд. Дар пеши боғ ё қади кўча, дар назди корхонаи мард, дар мактаби писарбача...
Имрўз шояд бори сиюм ё чилум буд, ки онҳо боз якдигарро медиданд. Мард ба ин вохўриҳо қариб ҳамеша сархам ва дар қайди андеша меомад.
Писарбача низ...
Ва онҳо қариб ҳамеша аз якдигар ғамгин ҷудо мешуданд.
...Писарбача яхмосашро то охир хўрда, беихтиёр ба нуқтае чашм дўхт.
Мард ҳам чумчаро даруни зарф гузошта, мулоим сар бардошт. Нигоҳаш чеҳраи ботаровати писарбачаро навозиш мекард.
Сухане гуфтан мехосту наметавонист…
Ва изтироби дилаш шадид мешуд.
– Мехезем? – ниҳоят пурсид ў.
– Ихтиёр... – ҳамчунон нигоҳашро гурезонда, гуфт писарбача.
Мард боз ба сукут рафт. Писарбача низ хомўш буд.
Ба гўш бештар хандаи кўдакон мерасид.
Насими серуни баҳорон мевазид...
– Ту барои чӣ ин қадар озурда менамоӣ? – пас аз муддате як оҳ кашида, ба меҳр пурсид мард.
Овозаш меларзид.
– Ман озурда не… – гуфт дар ҷавоб писарбача. Овози вай ҳам каме меларзид.
– Хонданат чӣ хел? – боз пурсид мард.
– Нағз, – гуфт писарбача.
– Модарат чӣ?
– Нағз...
– Ягон чиз мехоҳӣ?
– Чӣ... ягон чиз?
– Масалан, китоб, либос, пойафзор... ё боз ягон муҳимми дигар.

пешина
аз 132
навбатӣ