УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Мўйсафед, чунон ки пояш аз замину дасташ аз осмон канда шуда бошад, дуру дароз ба моли худ чашм дўхта нишаст.
Пакар буд вай, озурда буд... Барои чӣ касе думбураашро намепурсад? Наход ҳамин қадар масофа тай карда, дар ниҳояти кор ноумед баргардад? Наход дар ин бозори калон, дар ин шаҳри сернуфус, дар байни ин мардуми санъатдўст… ягон одами созталаб пайдо нашавад?
Аслан соғутарош буд мўйсафед. Дар давоми қариб чил сол, соатҳое ки аз кори калхоз фориғ мегардид, табақу коса, кафлесу чумча, тираку тахта ва ғайра лавозими рўзгор тарошида, ба аксар мардуми Ховалинг ҳоҷатбарор мешуд.
Гоҳо, дар ду-се моҳ як ё ду карат, баъзе ҳосили дасташро ба ин ҷо, ба бозори Кўлоб меовард. Ва ҳаргиз «нархаш фалон сўм», – намегуфт. Ҳар кас ҳар чӣ диҳад, қаноатманд мегирифту ба ивази он каму кости оилаашро буд мекард.
Бале, мўйсафед соғутарош буд. Боз...
думбура менавохт; хуб менавохт, ҳоло ҳам менавозад. Ин ҳунарро чун соғутарошӣ аз раҳматӣ падараш мерос гирифтааст.
Аммо дар бадали кулли он солҳое ки аз дарахти бед асбоби рўзгор метарошид, вай дар дил гарм орзу мепарварид, – худо хоҳад, барои худаш ҳатман як думбура месозад. Асбобе ки зинда бошад; оқибат ба қалбаш ҳамсадову ба андешаҳояш ҳамсафар гардад; албатта месозад!
– Коса надорӣ?
– Не, писар...
Муйсафед чанд сол муқаддам аз Мирзокарими ҳамсояаш баумед якта думбура харида буд. Вале ҳамон низ ўро қонеъ карда наметавонист – овозаш чандон равшан не, ба ғалаёни дили мўйсафед қудрати ҷўр шудан надорад, – ҳарчанд Мирзокарим мегўяд:
– Ин беҳтарин олатест, ки дар умрам сохтаам.
Хулоса, мўйсафед дар орзуи думбураи нағз буд; думбурае ки дар дасти кас ҷон гирад, аз самими сина ба гуфтор ояд...
Лекин солҳо мегузаштанду вай ҷуръат намекард ба сохтани чунин асбоб миён бандад. Метарсид: рафту аз ўҳдааш набарояд? Рафту аз орзуи ширинаш ҳам ҷудо гардад?
Бо вуҷуди ин калвиданҳо мўйсафед бовар дошт, ки дар вақту соаташ ҳатман ба мурод мерасад. Аз ин рў баъзан фурсат ёфта, ба саргармии Мирзокарим зеҳн мемонд, ҳар як ҳаракати ўро азхуд кардан мехост. Зеро тартиби думбура сохтанро ба хубӣ донад ҳам, гумон мебурд шояд дар ин пеша боз ягон сирри дигар бошад; сирре ки танҳо ба устоҳои гулдаст аён аст. Аммо ҳар қадар дақиқ назар мекард, аз корбандии ҳамсояаш мушкиле намеёфт, гўё тамоми ин ҳунар ба вай ошно буд.
Гоҳо, махсусан ҳангоми аз назди Мирзокарим баромада, ба ҳавлиаш мерасид, мўйсафед ба худ мегуфт: фардо албатта ба кор сар мекунам. Вале... рўзи нав оғоз мегардиду вай боз дудила мешуд
– охир, барои думбура гуфта дар умраш, ягон маротиба чўб натарошидааст. Пас чӣ тавр табар гирифта, зардолуи боғашро меғалтонад?
Бад-ин минвол солҳо паиҳам сипарӣ мешуданду мўйсафед ба орзуяш расида наметавонист.
Ниҳоят порсол, аввали зимистон, ў дар ҳамин бозор, дар худи ҳамин ҷое ки ҳоло нишастааст, чанд косаву табақро дар байни ним соат фурўхта, аз нахустин магазини сари кўча каме ширинӣ ва як кило чой харида, ба Ховалинг баргашт. Вай тамоми раҳ, дар ҳолате ки тани коркўфтааш дар болои мошини боркаш такон мехўрд, аз хусуси рўзгори хеш ба ҳар навъ андеша мерафт. Фикр мекард, ки бемадор шудааст, синну соли ҳамсараш низ ба ҷое расидааст; ҳафт сол боз онҳо, пиру кампир, нафақа мехўранд. Чӣ илоҷ, умри одамизод оби ҷўй барин – мегузараду меравад. Худо акнун ба ягона духтараш, ба набераҳояш ҳаёти осуда диҳад, бахти бедор диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё