Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ним қадам дуртар аз созҳо мўйсафед аввал як ҷуфт мўзаи хиром ва баъд чашм бардошта, соҳиби овозро низ диду дарҳол шинохт. Ин марди қаддароз, ки дар таки бинӣ чени ганбуск мўйлаб монда мегашт, дар ҳамин ҷо аз вай ду-се маротиба коса-табақ харида буд; моли ўро сидқан таъриф мекард. Умуман…
ношукрӣ нашавад, мўйсафед дар бозори Кўлоб баъзе миҷозҳои баинсоф дошт.
– Салом... – Вай пиёларо гашта дар ҷояш гузошт. – Ҳарчи саломатӣ? Кўдакот сиҳатанд?
– Шукр, падар, шукр, – гуфт марди ганбускмўйлаб, дастони ба сўяш дарозшудаи мўйсафедро ба даст гирифта. – Аз худат пурсам? Чанд моҳ боз наменамоӣ... Мабодо бетоб-ку набудӣ?
– Не, додар, бетоб набудам. Лекин...
пир шудаам. Худи ҳамин баробари сад бетобӣ.
– Шикоят накун, ту ҳоло чандон пир нестӣ, – гуфт мард ва даме сукут варзида, ба думбураҳои пеши пояш назар давонд. – Инҳо аз худат?
– Ҳо, – гуфт мўйсафед, бидуни ихтиёр нигоҳашро андак гурезонда.
– Ха-айр... Чумча надорӣ?
– Не, додар, қариб як сол мешавад, ки ҳеҷ чиз натарошидаам, – кифоя. Танҳо ҳамин...
– Ба ман чумча даркор. Аммо дар наздат фақат асбоби тараб мебинам. Ту ба хаёлам думбура намесохтӣ-ку?!
– Қиссаи дароз ин, – гуфт муйсафед ва дар лабханд гоҳ ба симои марду гоҳ ба созҳои худ нигариста, илова намуд: – Ягонтааш форида бошад, бигир, арзон медиҳам.
– Раҳмат, падар, ба ман чумча даркор буд.
Марди ганбускмўйлаб хайрухуш кард ва калон-калон қадам партофта, аз дарвозаи бозор берун рафт.
Мўйсафед оҳиста дар ҷояш нишаст.
«Мақбул нашуд. Ақалан ба дасташ нагирифт, – аз дил гузаронд ў қадре малул.
– Эҳтимол инҳо ягон иллат доранд, аммо ман намедонам...»
Баъди фурсате муйсафед чою нон мехўрду пай мебурд, ки табъаш хира мегардад. Боиси ин ҳолаташро аниқ дарёфтан ҳам душвор буд. Вай намефаҳмид аз кӣ домангир шавад – аз худаш, ё аз он марди шинос, ки ба асбоби ў ҳатто эътибор накарда рафт? Шояд айб на дар мўйсафед ва на дар он мард – вай, охир, думбура не, чумча мехост! – балки маҳз дар ҳамин думбураҳо бошад... Не-е, ба инҳо чӣ шудааст? Овози нағз доранд, ҳар се низ аз дили чўби зардолу баромадаанд. Ба мардуми навошинос боз чӣ лозим? Дуруст аст, ки рангашон назаргир не, «дар алав тоб надодаам, аз дастам наомад». Лекин...
хушрўй набошанд ҳам, то ба инҳо думбура ном гузоштан... вай, мўйсафед... эҳ-ҳ!
Ҳаминҳоро набиёрад, кори хуб мешуд, аслан овардан намехост. Гуноҳи кампираш: «бурда фурўш, мардак. Сари зимистон, иншооллоҳ, набераат зан мегирад. Мо ҳам камтар харҷ накашем, айб мешавад. Ба ин сад сўме ки кайҳо боз эҳтиёт карда мегардӣ, ягон чизи арзанда харидан даргумон», – гуфта, орому қарори ўро барҳам зад аёли бемаънӣ.
– Монда набош, ҳамном!
– Саломат бош!
– Аз рўи гапи мардум имсол дар Ховалинг алаф бисёр шудааст...
– Рост, фаровон буд.
– Коса-табақат намонд?
– Наовардаам коса-табақ... Бас кардам.
– Афсўс. Ният доштам, ки табақ оварда бошӣ, бе чуну чаро мехарам. Аз маҳсули дасти худат қурутоб хўрдан аҷаб кайфият дорад.
Боз як шиноси мўйсафед инро гуфта, бешитоб дур шуд. Ба думбураҳои вай дуруст нигоҳ ҳам накарда, даст ба пушт вазнин қадам монда, шояд аз паи муҳиммаш рафт. Ва дар пешгаҳи бозор ба анбўҳи одамон омехта, дар як дам аз назар нопадид гардид.

пешина
аз 132
навбатӣ