УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Ту худат чикораӣ, ҷўра?
– Ман?.. – гуфт дар табассум ҷавонмард ва асбоби сеюмро аз пеши пои мўйсафед оҳиста бардошт. – Бухгалтер ман. Касбам ҳисобу китоб…
Мардум аз нав хомўш шуданд.
Оҳанги дигаре ки мақомҳоро мемонд, дар фазои бозор танинандоз гардида, ба дилҳо фишор меовард.
Мўйсафед рўҳу равони тоза гирифта, як ба думбурааш ва як ба ангуштони печони ҷавонмард менигаристу дар ҳавои он нағма фикр мекард: дастони падараш низ ҳамин гуна печон буданд. Раҳматӣ ин қабил оҳангҳоро дўст медошт ва бисёрҳо мешуд, ки рўзгори ноободи худро ба чунин навоҳои тасаллибахш обод месохт.
Ниҳоят ҷавонмард думбураро ба вай баргардонд; дар ҳолате ки мардум таҳсин мехонданд, овозашро каме баланд карда, то мўйсафед шунавад, хушвақт гуфт:
– Ҳар сеяш ҳам аъло, падар.
– Бале, зўр будаанд, – фикри ўро қувват дод нафаре.
– Навозандааш чӣ? – гуфт дигаре.
Ҷавонмард ба рўи Зардина, ки дар паҳлуяш ҳамон рост истода, инак нигоҳашро аз вай қадре мегурезонд, ба маънии «ту, ошно, ин азизонро беҳуда наҳ задӣ» як назар афканду аз дасти Ҷингиламўй тўрхалтаашро гирифт...
– Ба хаёлам... санъаткор буд.
– Санъаткор? Не-е, худаш гуфт-ку: бухгалтер!
– Наход?
– Ҳар кӣ бошад, хушбахт аст.
– Эҳ, ман агар вай барин навохта метавонистам...
– Ба мўйсафед чӣ гуфт, шунидӣ?
– Не...
– Дар ҳақиқат думбурашинос будааст.
– Беҳуда нагуфтаанд: қадри зар заргар бидонад, қадри гавҳар – гавҳарӣ...
– Рости гап, агар овозашонро намешунидам, ин намуд созҳо ба ман асло мақбул намешуданд.
– Ба ту думбура чӣ даркор! Картошка бошад...
– Ба худо, ки ҳаловат бурдам.
– Даҳ тин фоида гуфта, дар ҳамин бозор мелухсем.
– Боз чӣ хел хоксор...
Мўйсафед, ки аз ғояти шодӣ даступо хўрда, то ҳол намедонист чӣ кор кунад, ҳушу ёдашро ғундошта, хост ба ҷавонмард дурусттар шинос шавад. Вале акнун ўро дар ҷои истодааш надида, ба онҳое рўй овард, ки мисли дигар одамон низ пароканда мегардиданд.
– Канӣ вай?
– Бирафт, – гуфт Зардина.
– Чӣ хел?!
– Ҳамин хел! – хандид Зардина.
Ҷингиламўй мурвати магнитафонро тоб дод.
Садқаи номат шавам, Номи ширин дорӣ...
– О вай...
Чунон ки хонааш сўхта бошад, мўйсафед термосу шолча ва думбураҳоро ҷонсарак дар хўрҷин андохта… хўрҷинро ба китф партофт.
– Ҳой, куҷо меравӣ? Як дам ист... Мани сода асбобатро хариданӣ, – гуфт Зардина.
Аммо мўйсафед ўро нашунид.
– Аслан думбура ба ту чӣ даркор? – гуфт Ҷингиламўй ба Зардина. – Навохта натавонӣ... Чанд бор фаҳмондам, ки ранги ман... магнитафон гирифта гард. Пас ҳар чӣ хоҳӣ, мешунавӣ – суруд аст, нағма аст...
Аз ин гап ғашаш омада, Зардина рўй турш кард. Ва нохост дар ҷои мўйсафед ва созҳои ў чашмаш ба як пиёлаи хурди пахтагулу як газ матои осмонранг афтид, ки ғарибу бекас мехобиданд.
– Фаромўш кардааст гаранг!
– Сазои сараш, – гуфт Ҷингиламўй ва Зардинаро аз оринҷаш дошта, ба тарафи дўконҳои сайёр кашид.
Ин дам мўйсафед аз дарвозаи бозор баромада, ҳамон тарзе ки бордонашро ба китф партофта буд, шитобон, баъзе раҳгузарҳоро беихтиёр дакка дода ва шояд ранҷонда, ба кўчаи калон наздик мешуд.
Нигоҳи беқарораш ба ҳар сў давида, аз байни мошинҳои рангорангу одамони бисёр пайваста он ҷавонмардро меҷуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё