Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин ў наменамуд.
«Наход ки наёбам? Вай, охир, ман барои харидан пул надорам гуфта буд. Пул, а!
Ҳамон пуле ки мо ин қадар азиз медонем, худаш чист?»
Мўйсафед, дар китфи лоғараш хўрҷин, дар хўрҷинаш термосу шолча ва се адад думбура… ба чор тараф чашм андохта, дар кўчаи сермағали шаҳр ҳамчунон саросема, вале ба умед ва ҳатто хушнуд қадам мемонд.
1977
ПАНҶ
ҲОЛАТ 1
Ҳаво ниҳоят гарм буд. Баъди кор... сари раҳ ба бозор даромада, вай як тарбузи калон харид, ки хона бурда, соате дар ҷўи обаш сард нигоҳ дошта, бегоҳ ба зану бачааш кушта хўраду...
Тафси дилашро паст кунад.
Вақте ки аз дарвозаи бозор берун мешуд, нохост чанд калимаи дар хаёлаш борҳо шунидаашро боз...
Гўё аз дуриҳо шунида, лоҷарам истод.
– Ман бисёр хоб мебинам, – риши сафедашро хилол карда, андешаманд мегуфт мўйсафеди лоғаре ба мўйсафеди дигар. – Лекин аҷаб, ки ҳамеша кўдакиамро хоб мебинам...
Вай даступо хўрд. Ва аз он ду нафар чашм канда, зуд қадам бардошт.
Охир, ғалат карда буд!
Вай ин чанд калимаи шиносро ҳеҷ гоҳ нашунидааст, балки аз дил мегузаронд.
Худаш...
Ва ана, дар ҳавои гарм хаёлаш аз нав парешон гардид.
...Ҳавлии онҳо дар канори деҳа воқеъ буд. Падараш деҳқонӣ мекард, – аз ин рў боғи сарсабзе доштанд.
Вай дар оила бачаи беқарор, гарданшах ва бисёр шум ҳисоб меёфт. Қариб ҳар рўз ягон «кори нораво» карда, аз димоғи падару модар дуд мебаровард. Махсусан хоҳарашро, ки аз ў ҳафт сол калон буд, сахт азоб медод. Ҳафтае набуд...
«нахустфарзанди модар»-ро ранҷонда, сабабгори оби дидааш нашавад. Онҳо ба ҳам то андозае душманӣ доштанд, ки пас аз талошу пархош рўзҳои дароз ногап мегаштанд. Ва ҳар бор онҳоро падару модар ба сад азоб оштӣ медоданд.
Вай, ки ҳоло чилсола аст, нағз дар хотир дорад: ду сутуни пешайвони хонаашон каҷ буд. Ҳангоме хоҳарашро меранҷонд, ў бештар ба яке аз ҳамон ду сутуни дағал такя оварда, талх мегирист.
Хоҳараш инак гирифтори шавҳари бадмасту фарзандони бемор аст; мўяш сафед, рўяш пурожанг...
Ва ниҳоят бадбахт аст.
Худи вай ҳам дар зиндагӣ чандон наосуд.
...Солҳост, ки дар як шаҳри калон умр ба сар мебарад. Ва зуд-зуд хоҳарашро ба ёд оварда, дилаш фишурда мешавад. Ба ёд оварда, дардаш гарон, муттасил фикр мекунад: онҳое ки якдигарро ба ҳар ҳол дўст медоранд, оё ҳамеша якдигарро азоб медиҳанд?
Вале ба ин суоли доимӣ, ки ҳар дафъа чун нештар ба дили пур аз захмаш фурў меравад, ҷавоб ёфта наметавонист.
Дирўз ҳам вай дар пешайвони хонаи худ нишаста, тарбузи хунук мехўрду беихтиёр хонаи падарро ба ёд меовард; гиряҳои талхи хоҳарашро мешунид; мўи сафеду рўи ожанггирифтаи ўро пеши назар медид. Ва ҳамон суоли ҳарина боз ба тору пуди мағзаш печида, ягона ҷавоби солим мехост.
Аммо...
Ногаҳон ба вай чунин намуд, ки во аҷаб – Сутунҳои хонаву дари худаш низ саросар каҷ шудаанд.
Дар пушти тиреза як бутта гули садбарг мешукуфт. Қариб ҳар рўз борон меборид.
Баъди борон гоҳ офтоб мебаромад, гоҳи дигар – не... Вале он гирдаи заррин хоҳ рух намояд, хоҳ пинҳон бошад, пас аз борони баҳор хонаи хурд ва камбағалонаи ўро накҳати гулу гиёҳ фаро мегирифт.

пешина
аз 132
навбатӣ