Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мефаҳмед?
Замин накафид, ки аз чашмони дар ҳайрати вай пинҳон гардам. Хайрият, автобус буд...
Ҳозир ана, давида ба идора меравам.
Мақолаи фармудаашонро навишта натавонистам. Аз кор ҳам дер мондам.
Аввал аз мудири шўъба, баъд аз котиби масъул, баъд аз муовини сармуҳаррир ва баъд аз худи ў бе муҳобот гап ҳам мешунавам.
Хайр, ҳеҷ қисса не. Одат кардаам ба талху тунд… Бадии кор дар он ки ман сабаби ин ҳолатамро, решаи дарди диламро равшан дарк карда наметавонам.
Ана ҳамин хел…
Шояд хаёли маро фасли баҳору боронҳои паёпай парешон месозанд?
Эҳтимол...
Лекин як чизро нек медонам – солҳои охир ман дар ин фасл гўё тағйир меёбам.
Тобу тавонро аз даст дода, зуд-зуд ҳис мекунам, ки ба ҷои мақолаҳо дар хусуси ҳаммом, сартарошхона, дўкони таъмири пойафзор ё аҳволи бозор...
Чӣ гўям?
Раман навиштан мехоҳам! Бале, бале...
Механдед, а?
Беҳуда. Чунки ягон рўз рамани маро ба чашми худатон мебинед. Ҳатман... Он гоҳ ба ҷои хандидан ҳайрон мешавед, лол мемонед. Ҳоло чӣ? – яқин бовар надоред; ҳазён мепиндоред. Шояд фикр ҳам мекунед, ки ман ақламро бохтаам. Аз беҳунарӣ, аз васвасаи қаламкашӣ, аз орзуҳои ботил...
Ё нодуруст мегўям? Дуруст албатта...
Эъ, ин борони сабил боз гирифт-ку!
Ганда гирифт. Касро дигар ба ҳоли худ намемондагӣ барин... Хуб, ҳар чӣ бодо бод! Таваккал ба худо гуфтаанд. Ҳоло ман рафтам, бале, шумо саломат бошед. То боздид; то ҳамон рўзе ки рамани маро хонда, аз боби он ҳатман қисса хоҳед кушод.
1985
КАТАРИН
Гашт мекунад рўзи аввали зимистон. Ва боз... мегузарад соате аз ҳаёти муқаррарии инсон. Чанд лаҳза инҷониб майда-майда борони сард борида, шояд аз камари кўҳҳои дур нафаси тези барфро меорад. Як марди биниаш барҷастаи газгўшт, ки ба назар тахмин панҷоҳсола метобад, сараш ба рўймоли гардӣ маҳкам бастагӣ, кўрпаи баҷилди вазнинро қариб то таки манаҳаш кашида, дар кати пастаки пеши тиреза хобидааст. Гунаҳои суп-сурхи ў ба чашмони кабуди андак чуқураш гўё бозӣ мекунанд. Яқин ҳарорат дорад мард. Хона чандон гарм не, – дар кунҷи дуртар аз паҳлуи дари дутабақа, дудкашаш берун аз шифт рафта, бухории оҳанин... ба вай фурсате қабл алав мондаанд магар, акнун тафс мегирад.
Мард аз оинаи тиреза, ки домани ҳар ду пардаашро барзадаанд, хаёлманд ба саҳни ҳавлӣ, ба нам-нами якнавохти борон менигарад. Баъд оҳиста паҳлу мегардад. Ва аз байн дақиқае нагузашта, болини таки сарашро болотар тела медиҳад. Бетоқат аст вай – гўё аз риши тунуки малла, аммо як қадар дамидаи худ ғашаш меояд. Балки дар бадаш задааст чор рўз интараф мурда барин дароз хобидан? Ҳар чӣ бошад, ранги рўяш бегона, дилаш зиқ ва хотираш парешон метобад… Инак боз паҳлу мегардад ў. Пас баиллат як калла афшонда, аз нав ба саҳни ҳавлӣ менигарад.
Ва худи ҳамон дам чашмонаш дурахшида:
– Ваҳ! – гўён саросема кўрпаро аз қафаси синааш дур меандозад. – Ҷўраам, а!
Ҷўраам...
Марди бемор пойҳои лоғарашро аз кат фуроварда, зуд ҷуробашро мепўшад.
Бархоста, ҷомаашро низ чаққон ба китф мегирад.
...Ва дар кушода шуда, ба мушояати ҳамсари вай дўсти бачагиаш Нозилҷон медарояд. Онҳо якдигарро гарм ба оғўш кашида, салом-алейк мекунанд, самимона аҳвол мепурсанд. Пас дар болои кўрпачаҳо ба ҳам рўбарў нишаста, аз дари таомул даст ба фотиҳа мебардоранд.

пешина
аз 132
навбатӣ