УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Қадам расид, бало нарасад!
– Намерасад...
– Илоҳӣ омин! Гуфтам... аз ту як хабар гирам.
– Хуш омадӣ, дўстам! Ҳар қадамат болои дида... Ту, охир, тоҷи сарӣ!
– Воҳима нашавад, Ҳотамбек... – мегўяд Нозилҷон. Ва баъди лаҳзае сукут, лабони андак ғафсаш моил ба табассум, маънидор мепурсад: – Аслан чӣ гап? Аз нақли як касним кас ман туро бемори лоҳис тасаввур кунам... дурустӣ-ку! Ҳеҷ тағйир наёфтаӣ, ҳамон Дами Гарми қадимаӣ.
– Ҳоло лақаби ман дигар, – нигоҳашро гурезонда, қариб ғамгин ба забон меорад Ҳотамбек.
– Аз инаш ҳам хабар дорам, – механдад Нозилҷон.
– Хабарат бошад... – гуё ногаҳон ба хаёл рафта, идомаи суханашро фурў мебарад ў.
Ва ба ҷониби ҳамсараш, ки низ пиққӣ хандида, ин дам аз хона баромадан мехост, дар як итоби омехта ба меҳр чашм медавонад. – Бисёр наханду аз паи дастархон шав!
– Албатта... – хушнуд берун меравад зан. Ва лаҳзае хомўшӣ ба миён меояд.
– Хайр, гап деҳ, – айни вақт онро шикаста, нарм мегўяд Нозилҷон.
– Чӣ гап диҳам? Ранг бину ҳол пурс... – рўймоли гардиро аз гирди сараш кушода, ба табассум тоқӣ мепўшад Ҳотамбек. – Кам-кам таб дорам. Боз ин ки месурфам.
Сурфаи хушк... Вараҷа барин нохост гирифт сабил! Чор рўз пеш... Хуб, аз худат пурсам – чӣ ҳол дорӣ, Душанбе чӣ хел? Зану бачаҳоят сиҳат-саломатанд?
– Шукр, ҳама осудаанд. Душанбе низ тинҷ. Ҳоло ки ман дар он ҷо нестам, тамоман тинҷ будагист.
Ҳотамбек аз мағзи дил механдад.
– Худо мегўем, ки аз паи қадами ту акнун деҳа нотинҷ нашавад.
– Ахир бас кардӣ нўшиданро? – ҷиддан мепурсад Нозилҷон, ба ҷигари сухани вай зиёда эътибор надода.
– Худат чӣ?
– Ман ҳамон Аҳмади порина. Як хел...
– Аммо қиссаи акаат пур аз пастиву баландӣ.
Ҳамсари Ҳотамбек нону суфра меорад.
Аз пушти ў, дар даст чойники калону чанд пиёлаи хушгул, ба хона нахустписараш медарояд. Онҳо ду-себорӣ аз нав берун рафтаву ҳамоно баргашта, рўи дастархонро зуд мамлуи гуна-гуна нозу неъмат мекунанд. Дар охир як шишаи гардандарози арақаш нимабаланд низ пайдо мешавад.
– О будааст-ку! – барқ мезананд чашмони Ҳотамбек.
– Ин фақат барои акаам, – ширин механдад ҳамсари ў, зани кушодачеҳраи яқин содадил.
– Ҳа-а-аъ... – ночор абрувонашро боло мекашад Ҳотамбек. – Хуб, ҳоло ба шумо ҷавоб. То палав тайёр нашавад, ба сўҳбати мо дигар халал нарасонед.
Модару писар мераванд.
Ва дўстон боз танҳо мемонанд. Ҳотамбек нон мешиканад.
– Кай омадӣ?
– Дина бегоҳӣ... – мегўяд Нозилҷон.
– Зану фарзандонатро ҳам овардӣ?
– Не, танҳо омадам. Вақтам танг буд – худо хоҳад, фардо баргаштаниам.
– Аз дидори модарат сер нашуда?
– Чӣ илоҷ! Кору бор, ташвиши рўзгор...
– Тобистон, баъде ки як ҳафта барин дар деҳа истода, бозпас рафтӣ, – пешонии фарохашро ба ангушти ишорат туктук мезанад Ҳотамбек, – ин акаат қариб мемурд.
– Узр мехоҳам, ҷўраҷон, ман дер шунидам. Лекин пурсида, аз ёру бародарон фаҳмидам, ки ҳарчи сиҳат ёфтаӣ. Пас осуда шудам.
– Як мўъҷиза буд ба по хестани ман. То ҳол боварам намеояд...
– Аввал аз шафоати худо донистан лозим.
Баъд аз тоқати ҷону ҷигари худат…
– Гуфтанд ту ҳамон рўзҳо сафари хидматӣ доштаӣ.
– Бале, Кобул рафта будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё