Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дар ин муддат ягон чиз менавиштӣ, ё фақат кору бори давлат?..
– Кам-кам... Ку бинем, оқибат чӣ меояд ба кафлес.
– Агар менависӣ, иншооллоҳ, ҳосилаш хуб аст. Ту истеъдоди баланд дорӣ, дўстам. Росташро гўям, вақтҳои охир туро бисёр пазмон шудаам. Зуд-зуд аз модарат пурсида меистам, ки чӣ хату хабар ҳаст, занг мезанад ё не...
– Хуб, акнун ҳикоят кун, – чӣ тавр афтидӣ ба ин аҳвол?
– Баъд ту маро ба масхара нависӣ, а!
– Муносиб бошад, чаро не?!
Ҳотамбек, чеҳраи зардинааш шукуфон, даме сукут варзида, чунон ки нохост ба ягон амали хавфнок тасмим гирифтааст, айёрона мегўяд:
– Майлат, ба ту ҳамаашро нақл мекунам.
Лекин... аввал табъи дил адаби ин занакро додан лозим.
– Яъне? – ҳайрон мешавад Нозилҷон.
– Ҳоло мефаҳмӣ, – хандон аз ҷой мехезад Ҳотамбек ва аз пушти кат як шиша арақи накушода оварда, масрур дар паҳлуяш мегузорад. – Ҳаминакро дукаса фурў мебарем.
– О ин бисёр. Баъд... оё мумкин аст ба ту?
Ҳарорат дорӣ...
– Аз рўзе ки ба он фалокат гирифтор шудам, занак нўшиданро қатъиян манъ кард. Вай ҳатто аз гапгузаронӣ намегардад. Аммо акаат, рафту харҷаш аз кисаи дигарон бошад, баъзан менўшад кам-кам.
– Аз янга пинҳонӣ албатта?
– Чӣ илоҷ! – сараш андак хам, сард оҳ мекашад Ҳотамбек. – Агар не, дар бало мемонам.
– Ҳар чӣ бошад, зиёд аст вай. Ана ҳаминаш кифоя, – шишаи кушодаро нишон медиҳад Нозилҷон.
– Не, дўстам. Модоме менўшем, аз табаррукаш менўшем. Худат-ку нағз медонӣ: аз Исматулло дар зимистон ҳатто барф рўёнда намешавад. Эҳа-аа...
– Воқиан, чӣ ҳол дорад шон?
– Гаштааст бе дарду ғам. Дунёро об барад ҳам, мижааш хам намехўрад. Саҳар як сари қадам омада буд. Ин Шералӣ, – ногаҳон лақаби навъи шиша, ки онро аз номи ҳофизи гарданаш бисёр дарози Ўзбакистон гирифтаанд, ба ёдаш расида, механдад Ҳотамбек, – аз ҳиммати Исматуллоҷон, аз пули бедардимиёни дўсти бачагии худамон. Яъне табаррук!
– Беморбинии баарақ, а? – низ механдад Нозилҷон.
– Ҳа-а, бачамард дар кисаи даруни борониаш овард. Чашми янгаатро, ки қаравул меистод, намедонам чӣ хел реб дода, сари вақт дар пушти кат монда рафт. Ё чӣ бало, аз омадани ту хабар дошт?! Дар ҳар сурат одам аз насибааш рўй намегардонад...
– Хабар дошт албатта. Саҳарӣ, зоғи сиёҳ нулашро наолуда, ба ман занг зада буд... Хайр, кушо акнун, – маҷбур гардан мефурорад Нозилҷон.
– Ҳай муғамбир аст ин ҷўраамон. Як даҳан нагуфт-э!
...Ниҳоят, баъде ки хўрдаву нўшида, шишаро холӣ карданд, Ҳотамбек даҳони онро маҳкам мепўшад ва бурда ба эҳтиёт боз дар ҷояш, дар пушти хамон кати пастак мемонад. Пас дангал мепурсад:
– Ту қиссаи аз нав зинда шудани маро дар ҳақиқат шунидан мехоҳӣ, ё аз раҳи адаб...
яъне дар омади гап гуфтӣ?
– Биллоҳ, ки сидқан шунидан мехостам!
– Ин хел бошад, гўш фаро деҳ. Лекин суханамро намебурӣ. То охир... Хуб?
– Қабул, – табассум мекунад Нозилҷон.
– Лўндаи гап, ман ҳамон саҳар аввал ба анбори хоҷагӣ рафта, аз кали Анвар дар як зарфи дулитрӣ катарин харидам.
– Катарин не, которан, – мўйсари мошубиринҷи базебашро ба ангуштони дарози худ шона мезанад Нозилҷон.
– Ана, суханамро буридӣ!

пешина
аз 132
навбатӣ