УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Мани бехабар сари тирамоҳ захира карда будам, – нарм механдад Нозилҷон.
– Гапамро набур... Аҷаб бетоқатӣ!
– Модоме батаъкид мепурсӣ, ҷавоб нагардонам?
– Майлат, набар... Лекин ба миёни суханам лагад назан, – мегўяд хушҳолона Ҳотамбек ва идома медиҳад: – Хулоса, аз дил гузарондам, ки дар ин аҳвол хона намеравам. Ва бешитоб самти заминамро пеш гирифтам. Агарчи кайфам ҳоло ҳам баланд буд, дар ҳавои бисёр гарми чанголуд беш аз ним соат қадам зада, ҳалқам аз ғояти ташнагӣ қоқ, нохост ба боҷаам рўбарў омадам. Ба Саидвалӣ... Вай сари вот истода, дар китфаш каланд, ба ҷўякҳои пахта менигарист. Замини мо аз бари якдигар...
Воқиан, ман ҳам мувофиқи шартнома ўҳдадорам, ки дар баробари ғайра зироат пахта низ мекорам. Ҳар сол... Медонӣ, а? Қилу қол надорад ин масъала!
– Медонам, – беихтиёр мегўяд Нозилҷон.
– Хайр, – даме ба сукут рафта, фарох механдад Ҳотамбек. – Тарки одат – амри муҳол. Буридан гир... Ту аз кўдакиат ҳамин тартиб бетоқат будӣ.
– Ёд надорам.
– Албатта, кадом одами ту барин ҳушёр гуноҳашро зуд ба гардан гирифтааст? – як қулт чой менўшад ў ва боз қадре хомўш монда, аз сари нав ба сухан меояд: – Давоми қисса – Саидвалӣ маро дида, хушу хурсанд вохўрдӣ кард. Гуфт, ки имрўз бояд намеомадӣ, аз куҷо пайдо шудӣ. Яқин ҳамсўҳбат мехост вай – аз афташ... тани танҳо ҷунбида, зиқ монда буд рўзи дароз... Бемадор даст афшонда, чои хунук пурсидам. Надорам гуфт.
Баногоҳ қаҳрам омада, худро якбора аз даст дода, қариб беҳуш шудам. Даруни сарам ваҷарос мезад. Дасту поям вазнин, ҳатто ба ларза печида, зуд нишастам, балки афтидам. Хуллас, одаму оламро фаромўш карда, фақат ёд дорам, ки – намедонам кай – ана чой гуфтам. Ана...
ниҳоят ташнагӣ мешиканам. Баъд хоб меравам, хоб... Ва он зарфи пур аз катаринро, ки яқин дар паҳлуям ғелида буд, худам бехабар чанг зада гирифтаму ҳамоно ба лаб бурдам. Тамом, дигар чизе дар хотирам намондааст. Маълум шуд, ки наздики як ҳафта...
– Тавба! – ба оҳанги таассуф калла меҷунбонад Нозилҷон. – Ҳамин қадар беҳуш будӣ, а?!
– Беҳушӣ ҳам гап? Мурда будаам, мурдаи ғассол... – оринҷашро аз болин гирифта, боз чорзону мезанад Ҳотамбек.
– Нағз, ки дар он ҷо ба Саидвалӣ вохўрдаӣ...
– Рост мегўӣ, – сухани Нозилҷонро бурида, вай худаш идома медиҳад: – Агар не, ҳаром мемурдам.
– Баъд чӣ?
– Чӣ мешуд баъд? Ҳоло пўсида, аз ҳам мерехтам дар гўри торик.
– Ман ин оқибати вазнинро дар назар надоштам, – табассум мекунад Нозилҷон. – Фақат донистан мехостам, ки ба кадом насақ раҳо ёфтӣ аз ҳалокат.
– Тафсилоташро аз Саидвалӣ пурс, – лоқайд мегўяд Ҳотамбек. – Аз рўи шунидам ҳамин қадар медонам, ки вай маро саросема ба гаҳвораи мататсиклаш андохта, дартоз хона меорад. Нохост ин аҳволро дида, бачаҳо аввал сахт метарсанд. Пас ана... ба гиряву нола медароянд. Янгаат рўю мўй канда, гумон мебарад, ки тамом, мурдааст соҳиби сараш. Охир, латта будаам, беҳушу беёд...
Саидвалӣ дар як азоби алим ба вай мефаҳмонад, ки бисёр овоз баланд накунад, ман ҳоло зиндаам; нағзаш – чӣ қадаре бошад, шир ёфта биёрад. Боз эҳтиёт шавад, ки ҳамсояҳо аз ҳақиқати ҳол пай набаранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё