Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Девор агар афтад, дарун афтад гуфта, хостааст қиссаи туро пинҳон дорад.
– Албатта, олуда дар он бўи бад ҷон ба ҷаббор диҳам, оқибаташ чӣ мешуд?! Ба зоту зурётам исноде меовардам, ки якумр аз ёди мардум намерафт.
– Ҳар чӣ бошад, муҳиммаш – зинда мондӣ.
– Хулоса, онҳо ба даҳанам паёпай шир рехта, муддате интизор меистанд, ки банда беҳбудӣ меёбам, ё не...
– Ту ягон чизро дар хотир надорӣ?
– Ку-уҷо! – гардан ёзонда, мад мекашад Ҳотамбек. – Гуфтам-ку: мурда будаам, мурдаи ғассол... Баъд мебинанд, ки не-е, баданам ғарқи арақи сард, шири хўрондаашон аз даҳану биниам омада, хона пур аз бўи катарин, ба дами назъ расидаам, ҳамин ҳозир ҷон медиҳам. Бечораҳо ноилоҷ монда, табобатро дигар бас мекунанду ҷасади ин акаатро кўдак барин боз дар гаҳвораи ҳамон мататсикл андохта, саркану покан ба беморхона мебаранд.
– Нағз, ки ақлашон гирифтааст.
– Янгаат тақозо мекунад. Овоза нашавад, иншооллоҳ, ба худ меояд гуфта, боҷаам аввал бурдан намехостааст.
– Бечора Саидвалӣ...
– Ҷони одам аст, – хушҳол мегўяд Ҳотамбек. – Вагарна дидори ману ту дар қиёмат мемонд.
– Якумр бояд аз вай минатдор бошӣ, – мутаассир ба забон меорад Нозилҷон.
– Саидвалӣ дар беморхона ҳам хизмати бисёр кард. То сари по нахестам, дар гирдам парвона буд хонаобод.
– Чанд рўз хобонданд?
– Зиёда аз бист рўз! – ба оҳанги ифтихор ҷавоб мегардонад Ҳотамбек. – Се-чор рўзи аввалро тамоман дар хотир надорам. Баъд кам-кам дарёфтам, ки ҳанўз ҷони зиндаам. Чӣ хел аз кали Анвар катарин харидам, чӣ хел дар пеши магазинамон дар ҳузури Исматулло арақ хўрдам, чӣ хел дар сари замин ба Саидвалӣ дучор омада, қаҳролуд даст ба зарфи пур аз чой бурдам... низ тадриҷан пора-пора ба ёдам расид. Гоҳо чашмонам кушода буданд, лекин гап зада наметавонистам, мадори ҷунбидан ҳам надоштам. Дар конаки биниам рўдаи борик, ҳозирон чӣ мегўянд, – баръало мешунидам, идрок мекардам, аммо худам гунг будам. Зуд-зуд гўшҳоям ҳуштак кашида, хаёлам, ки аз тазйиқи дард косахонаи сарам метаркид. Бо вуҷуди ин зўр зада, мехостам аз ягон чиз бехабар намонам, дар айни замон фаҳмонам, ки ман зиндаам, умедашонро накананд – дилам, охир, бақувват!
Духтур ҳам возеҳ гуфт-ку: дилаш агар тоб оварда тавонад, зинда мемонад, дар акси ҳол... афсўс, мо дигар илоҷ надорем.
Чунин буд хулосаи духтур. Яъне ин тарафаш аз худам вобаста. Пас тоб меорад дили ман! Худо хоҳад, ба ҳар бало тоб меорад...
– Офарин! – беихтиёр хитоб мекунад Нозилҷон. – Ту ҳамеша сахтҷон будӣ.
Ҳатто аз баландтарин дарахт афтида, ҳеҷ воқиа рўй надодагӣ барин тохта ба по мехестӣ. Аслан аз ту ҳаракат, аз ман баракат гуфтаанд. Часпу талошатро дида, худои карим яқин раҳматро хўрдааст.
Вагарна имрўз мо, ҷўраҳо, бе ҳазлу шўхиҳои ту чӣ кор мекардем!
– Илоҷатонро меёфтед. Дар ин дунёи пурғавғо ҷои ягон кас холӣ намондааст.
– Ба ҳар ҳол...
– Бисёр тахмин назада, давоми қиссаро шунав.
– Ба чашм!
– Ана ҳамин хел хушомад карда ист, – қаноатманд мегўяд Ҳотамбек ва як сурфида, ҳикояташро идома медиҳад: – Ҳангоме камтар ба ҳуш омада, нахустин бор пай бурдам, ки банда ҳоло зиндаам, нохост ба гўшам сураи ёсин расид. Чашмонамро базўр нимкоф карда, дуртар аз худ хирахира як шабаҳро дидам – яқин аз доираи ҳамон сиёҳӣ меомад овоз. Аҳволам бисёр бад будааст, ки бечораҳо мулло овардаанд, – омехта ба ноумедии шадид аз дил гузарондам ман. Баъд фаҳмам, дар воқеъ мемурад гуфта, хонаро ҳам ба тартиб андохтаанд. Мазмун – янгаат ба мадади хешу табор аз ҳар ҷиҳат барои гўрондани соҳиби сараш тайёр шудааст. Сад фоиз... То даме як зарра мадор ёфта, ба имову ишора нафаҳмондам, ки бас кунед акнун, ҳай ёсин мехонданд. Овози борики мулло беҳад хунук мерасид ба гўшам. Мурдан намехостам, охир! Умуман аҷоиб буд бемории акаат, харро хандаву бузро гиря буд, саропо як масхара буд, мазоҳ буд... Ҳама – чи аҳли оила, чи ёру рафиқ, чи духтур, чи хоҳари шафқат ё фаррош... – хуллас, лозим донанд, ҳудаву беҳуда ҳама гап мезаданду ман не. Чунки ҳатто лаб кушода наметавонистам, гунг будам, тароша барин шах будам. Дигар бўи умед нест, – мегуфт яке, хости худо, – мегуфт дуюмӣ, ба сабру тоқат даъват менамуд сеюмӣ...

пешина
аз 132
навбатӣ