УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Ношукрӣ накун, – ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ мегирад Нозилҷон. – Мардум ба ту эҳтироми зиёд доранд. Хурду калон...
Чунки нағз медонанд – як инсони ҳақталошӣ, дасткушодӣ, дилу ниятат покиза, чашмат ҳалол, ба ёру ошно садоқат дорӣ, муҳимбарорӣ. Боре нашудааст, ки аз қавлат гашта бошӣ; ҳаққи ягон бева ё бечораро ҳам нахўрдаӣ, ба амонат хиёнат накардаӣ. Дар ҳар сурат мардум инро на дидаанд, на шунидаанд. Аз ҷумла худи ман... Боз чӣ лозим ба як марди мусулмон!
– Мо ҳамин хел одам гуфта, ҷор занам?
– Не, ту ҷор назан. Ту саломатиатро эҳтиёт кун.
– Дар ин дунё худои карим ҳар чӣ фармуда бошад, ҳамонро мебинӣ.
– Вай арақ нўш нагуфтааст-ку...
– Исматулло мегўяд, – маҷбур механдад Ҳотамбек. – Дигар улфатҳо мегўянд... Онҳо чӣ қадар шилқинанд, худат нағз медонӣ.
– Бо вуҷуди ин нанўш, – аз гапаш намегардад Нозилҷон. – Як-ду сол гузаштан баъд мефаҳмӣ, ки эшон то кадом андоза ба ту садоқат доранд. Яъне вай дигар намегирад гуфта, пояшонро аз дари хонаат кананд, ё аввала барин туро ба дастархони худ даъват накунанд, пас бешубҳа дўстони хасакӣ будаанд.
– Ҳар кор шуданаш мумкин...
– Мумкин ҳам гап! Ин дарсе ки аз қазо гирифтӣ, бояд якумр ба ту кифоя бошад.
Аслан чӣ фоида аз ошнобозии барзиёд?!
– Лекин рост мегўӣ, – андак ба хаёл меравад Ҳотамбек.
– Ақалан оқибати шаш фарзандатро фикр кун. Ҳоло аксарияти онҳо хурданд, мактабхонанд...
– Бале, – калла меҷунбонад ў. – Баракат ёбад устодашон Исматулло. Чӣ будани забону адабиётро мефаҳмонад бачамард...
– Худо нагирад ҷони ин хел муаллимро! Аз раҳаш нагашт, ки нагашт.
– Арақхўриашро дар назар дорӣ?
– Агар не, боз чиро?! Ба он лабу даҳан намедонам вай ба хонандаҳо аз чӣ дарс медода бошад... Балки шарму ҳаё чист, умуман фаромўш кардааст?
– Биё, мон, – як дам сар мехорад Ҳотамбек. – Нағзаш, аз худат пурсам.
Дар муддате ки ҳамдигарро надидаем, чиҳо навиштӣ?
– Ба ин суоли ҳарина, ҷаноби бемор, банда кайҳо ҷавоб додам, – мегўяд Нозилҷон.
– Яъне кам-кам менависӣ? Ҳоло дар дег, ҳоло ба кафлес наомадааст?
– Ҳамин тавр. Садқаи аҳли фаҳм шавам...
– Хайр, аз нияту нақшаҳоят гап зан.
– Чӣ гап занам? – ҷиддӣ мепурсад Нозилҷон. – Хирадманде фармудааст, ки худоро хандондан хоҳӣ, дар пеши вай минбаъда нақшаи худро ба забон биёр.
– Таслим! – мегўяд Ҳотамбек, пас аз лаҳзае дандон сафед карда.
– Мағзи ин ҳикматро албатта дуруст фаҳмидӣ?
– То ҷое пай бурдам, ки мазмун... бача дар сафар бошад, номашро Музаффар намегузоранд.
– Дониста мон...
Ҳотамбек акнун ба сухани дўсти худ қариб эътибор надода, аз таки кўрпача як носкадуи хушранги ҳалқа-ҳалқа нуқракўбро, ки ба назар хеле ҷаззоб менамуд, оҳиста берун меорад. Баъд онро дар партави чароғи шифт фурсате тоб додаву тамошо карда, ба сари зонуяш тиқтиқ мекўбад. Гўё нос кашидан мехоҳад.
Вале аз чӣ бошад, чунон ки Нозилҷон интизор буд, даҳони шилшиладори он кадучаи зеборо накушода, ногаҳон ба лўлаболин такя мезанад. Пас ба дўсташ як чашм давонда, боз ба носкаду менигарад.
Гашта ба дўсташ... Хомўш аст Ҳотамбек, хаёлманд аст. Ба назар чунин метобад, ки ҳушу ёди ў дар дуриҳои дур парвоз доранд. Ниҳоят собунаки пояш аз сари нав тиқ-тиқ садо медиҳад. Маълум нест, ки вай нос кашиданист, ё он мояи ифтихори худро намоиш дода, ҳамин тавр бозӣ кардан мехоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё