Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лоғар, қадаш дароз, гарданаш борик...
– Истем? – чашмак зад Зафарбек. Мансур ба дўсташ нигарист.
– Ба вай пурсупос карда гузарем. Агар не, айб мешавад.
– Ихтиёр...
Ва онҳо истоданд.
Дар тарафи дигари раҳ...
Хаскаш худро ба нодонӣ андохта, андак рўй гардонд; аз байни одамон ба як марди мўйлабдори ғафс ва деҳқонҳайат гуфтугўяшро бепарво давом дод.
– Акаи Хаскаш! – нидо кард Мансур. Ў нашунид, ё худ...
– Ҳой, акаи Хаскаш! – ин навбат ба овози баланд ҷеғ зад Мансур.
Ниҳоят вай баргашта, аввал ҳайронҳайрон ба онҳо нигарист ва пас, вақте ки Мансур ба дасташ имои «ин ҷо биёед»
кард, зуд омад. Омаду:
– Эъ, ассалому алайкум! Шумоён то ҳол нарафтед? – гўён, дар сурате ки нигоҳи чашмони беқарорашро мегурезонд, аз тиреза сар халонд.
– Ана, меравем, – дастонашро ба ҳам совида, маънидор ба Зафарбек ишора намуд Мансур.
– Ҳа-а, нағз. Мошинашон майда бошад ҳам, ин кас ҷудо баҳамият.
– Шумо чӣ?
– Ман... Худо ҷонамро гирад, дурўғчӣ шудам, – гуфт Ҳаскаш, пичинги ўро ҳамоно фурў бурда. – Шаб, зор монад, чархи мошин кафид. То дуруст кардам, ки...
– О шаб дар хонаи мо будед-ку?
– Рост, ҳақ... Лекин баъд як корафтодаро ба Деҳи Боло бурдам.
Кадом хешаш мурдааст. Дар бозгашт...
– Чӣ тавр кафид чархатон?
– Ҳамту... кафиду монд, – пушти сар хоридаву як абруяш боло ва абруи дигараш поин рафта, гуфт Хаскаш. – Раҳи сабил ҳар хел мешудааст – паст, баланд, каҷ, килеб...
– То шаби гузашта инро намедонистед?
– Медонистаму... – гапашро гум карда, лаб газид ў.
– Бар падаратон раҳмат! Воқиан, ҳар хел мешавад раҳ.
На танҳо раҳи мошин, балки аз номаш инсон ҳам.
– Ба ҳар навъ... росту ҳамвораш беҳтар, – хандид Зафарбек. – На чарх мекафад, на гардан мешиканад... Хулоса, роҳати ҷон!
– Ту ҷим шин! Ту ҳоло бача, аз даҳанат бўи шир меояд, – сахт карда, гуфт ба вай Хаскаш ва боз ба Мансуру дўсташ рўй оварда, акнун ба забони шикастаи русӣ суханашро давом дод: – Шумо аз ман наранҷед. Ман гуноҳ надорам, гуноҳи ана он чорчарха.
– Мо асло наранҷидаем. Сониян, барои чӣ ранҷем? Шумо ягон вақт аз мо қарз нагирифта бошед...
– Ҳа-аъ... бале! Аммо ман... нон занад, ки рости гапро мегўям. Ваъдаамон – худатон медонед – соати ҳафт буд. Мани шўрпешонӣ зери обу арақ монда, чархи мошинро то соати нўҳ базўр дуруст карда, гумон бурдам шумо бешубҳа рафтаед.
Охир, билети самалёт доштед! Агар ҳанўз дар хона будани шуморо медонистам, эҳа! – санги сиёҳ барин... дар дилам ормон намемонд.
– Хайр, дар ин ҷойҳо чӣ кор мекунед? – пурсид Мансур.
– Як ҳамсояамон хона рафта, зор-зор гирист, ки то Раҳи калон оварда партоям:
дар Шаҳр кадом хешаш мурдааст.
– Аҷаб, муромурӣ бисёр-ку!
– Ҳа, муромурӣ... Раҳмам омад, не гуфта натавонистам.
Чӣ илоҷ, рўи одамизод аз алмос ҳам тезтар.
– Боз як пурсиш...
– Марҳамат.
– Барои чӣ моро дар раҳ дида, аз паҳлуямон гузаштеду ҳатто назар наафкандед?
– Надидаам... Азизу авлиё зада кўр кунанд, ки надидаам!
– Пас чаро дар сари фармон хам шуда, гўё пинҳон шуда, махсус рўй метофтед?
– Ба ягон хаёл рафтагистам. Одати мани гаранг ҳамин...
Ана ин кас медонанд.
– Ман намедонам, – гуфт Зафарбек.

пешина
аз 132
навбатӣ