УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Пирамард агар аз чашм дур будани писарашро, ки аз ин ваҷҳ гоҳо ғусса мехўрад, истисно кунад, аз ў шиквае надорад. Баръакс хурсанд аст, ки Мурод ҳамин сурат як фарзанди кордону дидадаро ва чор кас ҳавас мекардагӣ... Аммо келинаш гапи дигар. Вай аз қабили нафаронест, ки қадру қимати инсонро ба як пули пуч намегиранд. Барои ў аз дидори пирамард дида даҳ тин ғанимат аст. Рафту ба хонааш меҳмон ояду аз ҳарвақта зиёдтар дегу табақ кунад, мўлтар ташвиш кашад, дилаш ҳатман сиёҳ мешавад.
Лекин рўяш хандон метобад, ботинашро ҳаргиз намекушояд... Чӣ ҷои гап?
Фарзанд дар ҳар кор пеш аз ҳама ба падару модар тақлид мекунад. Падару модараш ки латтапарастанду ба зоти одам рўихуш намедиҳанд, вай ҳам айнан ҳамин хел... Омада-омада Мурод ин гуна ҷуфти ҳаринаро аз куҷо ёфт? Тавба! Дар як муддати кўтоҳ дили касро фаҳмидан осон набудааст. Пирамард то порсол гумон дошт, ки бахти писараш хандид – ба зани оқилаву басаришта ҳамхона шуд.
Аммо баъдтар пай бурд, ки хато кардааст...
Мошин хамгаштеро гузашта, дар роҳи танги байни ду шахи баланди ситеғ, ки дар болои сар гўё овезон буданд, ногаҳон истод.
Рашид ҷаҳида аз кабина фуромад ва сарпўши маторро бардошта, каллааш хам, як дам ба коре машғул шуд. Сипас онро сахт пўшиду гирди мошин гашта, ба нўки мўзааш чархҳоро тарс-тарс кўфта, қаноатманд табассум намуд. Ва ниҳоят болои поймонак баромада, аз паҳлуи кабина ба пирамард нигарист.
– Хунук хўрдед, амак?
– Ҳа, писар...
– Шамоли мошин камтар шавад гуфта, оҳиста рондам. Акнун тоқат лозим, баъди ягон соат мерасем, – гуфт Рашид ва пўстинашро аз тан бароварда, ба ў дароз кард. – Ба китфатон партоед.
– Худат чӣ?
– Кабина шамолпанаҳ... Сари вақт додан даркор буд. Чӣ шуд, ки фаросат накардаам.
– Умрат дароз бошад...
Вай пўстинро ба китф партофт ва дастонашро дар остини ҷомааш дарунтар кашида, вазнин нишаст.
Матор ғурида, мошин ба ҳаракат омад.
Пирамард дар хотир овард, ки порсол як сатил ангури чилагиву чор харбуза гирифта, ба хонаи писараш рафт. Ду рўз истода, бозору магазинҳои шаҳрро тамошо кард. Рост аст, ки дар ин муддат келинаш «амакҷон, ин ҷо шинед, амакҷон, он ҷо шинед», – гуфта, дар гирдаш парвона шуд; меҳрубониҳо карда, иззаташро ба ҷо овард. Пирамард аз ин адаби вай курта-курта гўшт мегирифт.
Аммо… ҳар чӣ хўрда бошад, рўзи сеюм аз даҳону биниаш омад.
Баъди субҳона ў ҷома пўшида, дар даҳлез келину писарашро, ки ба хонаи дигар гузашта буданд, мунтазир меистод. Ҳамин вақт ногаҳон ба ёд овард, ки кордчаашро дар лаби тирезаи меҳмонхона фаромўш кардааст.
Пирамард вориди меҳмонхона шуд ва онро гирифта, бозпас баромаданӣ буд, ки аз хонаи хоб беихтиёр овози келинашро шунид.
– Ҳар боре ки мебиёянд, аз гирди дегу табақ дур намешавам, – менолид вай. – Аз хўреду нўшед гуфтан даҳонам мўй мебарорад. Боз чӣ кор кунам?
– Гуфтам-ку: ташаккур, ҳазор раҳмат...
Ҳоло сари маро пеши дор набурда, сӣ сўм деҳ. Мўйсафед интизор, – ба овози ларзон ҷавоб гардонд Мурод.
– Бори дигар медиҳед. Бе ин ҳам ба гарнитур намерасад. Падарам як моҳ пеш ба мудири база аҳду паймон бастаанду шумо ҳеҷ не ки пулашро бурда...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё