Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гарнитур гуфта, устухонамро сафед кардӣ! Ту кай аз чизи дунё сер мешавӣ?!
Кайфаш тамоман парида, пирамард кордчаро ба кисаи камзўлаш андохт ва лаб газида, оҳиста ба саҳни ҳавлӣ баромад.
Пас аз чанд дақиқа онҳо – зану шавҳар – ўро то истгоҳи траллейбус гусел карданд.
Мурод карахт буд, вале дар чеҳраи занаш табассум мешукуфт...
Ҳар гоҳе ки пирамард ин воқиаро ба хотир орад, дарун-дарун ғам хўрда, дилаш ба Мурод месўзад. Фикр мекунад, ки ба вай пулу моли писараш не, балки умри ў даркор. Наход келинаш ҳаминро нафаҳмад? Наход пирамардро дастнигар гумон барад?.. Ва ҳарчанд худро тасаллӣ медиҳад, ки гапи он заифа кирои ранҷидан надорад, вай ҳоло хом...
шояд ба дарди рўзгор шуда, ин гуна хато рафта буд, – тану ҷонашро як ҳисси мағшуш, ки онро озурдахотирӣ ё гиламандӣ гуфтан ҳам душвор аст, зуд-зуд ба исканҷа мегирад.
...Мошин дараро ақиб партофта, сарозер шуд ва рўдхонаи на чандон калонро, ки аз сабаби обаш шўр будан Шўрсой меномиданд, дартоз гузашта, ба дашти фарох баромад. Оби сой дар ҳамин хел аёс ҳам ях набаста, барфи соҳилҳояшро шуста, ором ҷорӣмегардид.
Пирамард дар ҷояш нимхез шуда, аз паҳлуи кабина як дам ба пеш нигарист. Ва тақрибан дар масофаи се километр дуртар аз мошин чанд бинои хурду бузурги нимистгоҳи Хайрободро дид, ки ҳама дар васати дашти барфпўш дарбеҳи ночаспонро мемонданд.
Аз рўбарў боди сард вазида, чеҳраи пирамардро сўзонд. Ва ў… ба чашмонаш об давида, худро дар пўстини Рашид дурусттар печонду ғунча шуда, боз дар ҷояш нишаст. Манзараи якранги атроф, ки аз гашти мошин гўё гирд мегашт, сарашро андак ба чарх овард.
Пирамард ба ангуштонаш пуф кардапуф карда, дастонашро хеле молиш дод.
Сипас нигоҳи хирааш ба Шўрсой бархўрд – вай торафт аз мошин қафо монда, дар муҳити қанди сафед барин барфи тоза ресмони дарози хокистаррангро ба хотир меовард. Ҳамзамон дар пошнаи шахҳои дара муносиб афтида, онҳоро аз паҳнои даште ки охираш ба уфуқи дур ва туманолуд мепайваст, баръало ҷудо карда меистод...
*
Пирамард дар назди иморати бисёрошёна, ки дар канори яке аз кўчаҳои васеъ ва чароғони шаҳр қад афрохта буд, фурсате таваққуф намуда, озод нафас гирифт. Баъд сар бардошта, ба тирезаҳои хонаи писараш чашм партофт: онҳо ҳама тира метофтанд.
«Наход дар хона набошанд», – аз дил гузаронд ў ва шитобон ба иморат даромада, аз зинаҳои сангин пойҳои бемадорашро базўр кашола кардаву нафастанг шуда, ба ошёнаи сеюм баромад. Сабадчаву харбузаро ба замин гузошта, тугмаи зангро, ки дар паҳлуи даревоси дари чармбаст мисли садаф менамуд, оҳиста пахш кард. Аз дарун ба гўшаш садои пасти занг расид.
Як дам мунтазир шуд. Дигар на садое омад, на шарфаи пой.
Тугмаро боз пахш кард. Бефоида...
«Куҷо рафтаанд? Шояд ҳамсоя медонад».
Вай тоб хўрда, ба дари дуюм, ки дар муқобили дари писараш воқеъ буд, наздик шуд ва ангушти ишораташро ба тугмаи занг бурд. Вале худи ҳамон лаҳза дар дил «рафту хоб бошанд, ташвиш додан хуб не», – гуфта, даст кашид. Ва чӣ кор карданро надониста, музтару мутаҳайир каме рост истод. Пас андешаманд аз бағалкисаи ҷома соаташро бароварда дид, ки ёздаҳ шудааст.

пешина
аз 132
навбатӣ